Please update your Flash Player to view content.

Бо ҳиҷобат посдори гавҳари ҷон бош

Ҳурмату арзиши занро ту нигаҳбон бош

Бо ҳиҷобат душмани дуни ту дар ҷанг аст

Пӯшиши ту бо ҷиҳоду ҷанг ҳамсанг аст

Замзами иффат зи домони ту ҷушон бод

Аҳду мисоқи мусулмонӣ мабар аз ёд

Ҷомаи тақво бар андоми ту зебанда

Қомататро иффату покӣ барозанда

Тан бипӯшон то ки асроре зи ҷон бинӣ

Меваи огоҳӣ аз шохи замон чинӣ

Метавонӣ доманатро пургуҳар созӣ

Бештар кушиву ҳар дам бештар тозӣ

То дилатро ҷавшани тақвову парҳез аст

Эмин аз тири нигоҳи фитнаангез аст

Беҳтаринӣ, чунки таслими Худо ҳастӣ

Аз палидихоҳии шайтон ҷудо ҳастӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти