Please update your Flash Player to view content.

Бар асари қиёми мардуми мусулмони Эрон 16 январи 1979 шоҳи золими Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ аз Эрон гурехт. Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол бадарға рӯзи 12 Баҳмани 1357 ҳ.ш. (Якуми феврали 1979) ба Эрон баргашт. Ҳудуди 5 миллион миллати мусулмони мубориз аз ӯ истиқбол карданд. Дар ин муддат ҳукумати ситамшоҳӣ ҳазорон марду зани муборизро шаҳид, маҷрӯҳ, зиндонӣ ва доғдор карда буд. Ба шукрони фатҳи Илоҳӣ ва ҷиҳоду шаҳодати миллати Эрон имом аввал ба Биҳишти Заҳро (қабристони аслӣ ва марказии Теҳрон) рафт ва дар он ҷо суханронии муҳим ва сарнавиштсозе кард. Инқилоби Исломии Эрон имсол 40 сола мешавад. 1979-2019 Дар ин маросим суруд хонда шуд, ки тақдим мегардад.

Номи суруд: Бархезед, эй шаҳидон!
Шоир: Устоди марҳум Ҳамиди Сабзаворӣ
Оҳангсоз: Номаълум
Хонандагон: Гурӯҳи суруди инқилобӣ
Замону макони иҷро: Ин суруд пас аз вуруди имом Хумайнӣ ба Эрон ва ҳузури эшон дар "Биҳишти Заҳро" ба ҳангоми аввалин суханронии таърихии имоми инқилоб дар муқобили чашми ҷамъияти миллионии истиқболкунанда тавассути гурӯҳи суруди инқилобӣ иҷро шуд.


Бархезед, бархезед, бархезед!
Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо
Эй карда баҳри эҳёи ҳақ ҷон фидо
К-аз қатра-қатраи хуни поки шумо
Мерӯяд то абад дар ватан лолаҳо

Бархезед, бархезед!
Бархезед, раҳбар омад кунун дар каноратон
То созад, ғарқа дар бӯса хоки мазоратон
То гирад, хунбаҳои шаҳидон зи аҳриман
Боз омад, раҳбари мо паи ёрии ватан

Бархезед, бархезед!
Ҷовидон зиндагӣ ҷушад аз хоки ҳар шаҳид
То рӯяд лола аз турбати поки ҳар шаҳид
Эй инсон чун шаҳодат сароғози зиндагист
Марги сурх рамзи озодиву рози зиндагист

Бархезед, бархезед!
Дар олам мояи сарфарозӣ шаҳодат аст
Пеш мо, марг дар роҳи имон саодат аст
Ҳар кас ӯ, дар раҳи адлу дин раҳсипар шавад
Дар ин раҳ, гар диҳад ҷон зи каф зиндатар шавад

Бархезед, бархезед!
Аз дашти Карбало ҳар замон ояд ин паём
Дар роҳи иззату ифтихору шараф қиём
То инсон тан раҳо созад аз банди бандагӣ
Ошуро бар муҷоҳид диҳад дарси зиндагӣ

Бархезед, бархезед!
Бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо
Эй карда баҳри эҳёи ҳақ ҷон фидо
К-аз қатра-қатраи хуни поки шумо
Мерӯяд то абад дар ватан лолаҳо

https://www.youtube.com/watch?v=E3HTn59t8S4

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти