Please update your Flash Player to view content.

Пӯшишам бошад маро меъёри имону шараф
Ҳамчу марворид зебоем даруни як садаф

Диди номаҳрам наяфтад лоҷарам бар сӯи ман
Ифтихорам бошад ин, Заҳро бувад улгуи ман

Муддаӣ гӯяд, ки зан бо пӯшишаш зиндонӣ аст
Ман вале гӯям, ки пӯшиш арзиши инсонӣ аст

Муддаӣ гӯяд, ки чодар бас хаёли ботил аст
Ман вале гӯям, ки имонам зи чодар комил аст

Муддаӣ хоҳад маро бедин кунад бо лафзи дӯст
Пӯшиши ман ҳамчу тири заҳргин, бар чашми ӯст
Буҳлули Ҳабибӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти