Please update your Flash Player to view content.

Ман ошиқам, ки хунҷигари асри бисту як,

Он бевафост ҳилагари асри бисту як.

 

Аз дасти ҷабру ҳам ситами рӯзгори талх,

Дилгирам аз шабу саҳари асри бисту як.

 

Рӯшан намекунанд дили тираи маро,

Хуршеду ахтару қамари асри бисту як.

 

Бе ҳамсафар баро ба сафар гар сафар кунӣ,

Бовар макун ба ҳамсафари асри бисту як.

 

Бар кӣ баранд шиква, ки гӯши ҷаҳон кар аст

Мазлумҳои дарбадари асри бисту як.

 

Гум кардаанд донишу фарҳанги хешро,

Як зумра пасту бепадари асри бисту як.

 

Аз дасти чанд қотилу хунхор дар ба дар

Садҳо ҳазор мушти пари асри бисту як.

 

Оруғ зананд зумрае аз серии шикам,

Бархе гурусна пушти дари асри бисту як.

 

Ноҳақнигор, дарҷ бикун бо хати зарин,

Фоҷиаҳову шӯру шари асри бисту як.

Кӯҳзоди ФАТҲУЛЛО

18/12/2018

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти