Эҳсос мекунам, ки ҷаҳон пир мешавад
Дар будани чунин ҳама, дилгир мешавад

Эҳсос мекунам, ки дигар шеър чун шиор
Андар ситоиши ҳама тафсир мешавад

Дар ин замона ҳарфи муҳаббат намезанам
Вақте ки ошиқ ин ҳама таъзир мешавад

Ҳоло, ки фурсати сухану шеъру ошиқист
Дасти замонаро бинигар тир мешавад

Имшаб биё ба хонаву як лаҳзае нишин
Фардо, ки мерасад дигарам дер мешавад

Дигар намерасад хабар аз шаҳри ишқи ту
Пои дилам ба дастаи занҷир мешавад

Бовар намекунам, агарам гӯӣ ишқ нест
Бо дил чунин магӯ, ки нафасгир мешавад
Фирдавси Аъзам
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст