Марди деҳқон бенаво шуд, эй шигифт!
Ранҷи деҳқон бар ҳаво шуд, эй шигифт!
Дар диёри Бӯалӣ Сино аҷаб
Дарди деҳқон бедаво шуд, эй шигифт!
Худпарастон соҳиби базму суруд
Хандаи мо нораво шуд, эй шигифт!
Меҳру шафқат нест дар болонишин
Кори мардум зери по шуд, эй шигифт!
Зангҳои зиндагӣ аз ёд рафт
Навбати ранги сиё(ҳ) шуд, эй шигифт!
Чархи гардун чарх зад сӯи қафо
В-ин ҳам аз ҳукми қазо шуд, эй шигифт!
Нуруллоҳи Мусо
Аз соқа то садр, саҳ. 549
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст