Агар гумроҳу нодонам, Худоё, дастгирам бош!
Намоӣ лутфу эҳсонам, Худоё, дастгирам бош!
Хатарнок аст ин водӣ, биҷӯям роҳи озодӣ
Зи банди нафсу шайтонам, Худоё, дастгирам бош!
Дар ин дори гузар оре ба ёди хештан боре
Наёвардам пушаймонам, Худоё, дастгирам бош!
Куҷо роҳат дар ин дунё, басе саргаштаву танҳо
Туӣ оромиши ҷонам, Худоё, дастгирам бош!
Гунаҳ кардам ба пинҳонӣ, хато кардам ту медонӣ
Ба пайдову ба пинҳонам, Худоё, дастгирам бош!
Карам бар нотавон бошад каримонро басе одат,
Ту оғозу ту поёнам, Худоё, дастгирам бош!
Зи нафсу шавҳатам ҳар дам басе осебҳо дидам,
Ба гоҳи ҷанги шайтонам, Худоё, дастгирам бош!
Зи бори ҷурму беморӣ амалҳои риёкорӣ
Зи корам бас пушаймонам, Худоё, дастгирам бош!
Аҷал ояд маро ногоҳ агарчӣ нестам огоҳ
Басе гӯям ба ашку оҳ, Худоё, дастгирам бош!
Ба вақти кандани ҷонам бидеҳ аз лутф имонам
Намоӣ авф исёнам, Худоё, дастгирам бош!
Зи ризвонат умед дорам ба васлу боғу бустонат
Ҳар он чӣ кам бувад онам, Худоё, дастгирам бош!
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст