Please update your Flash Player to view content.

Омадам ин ҷо дубора...лашкарат ёдаш ба хайр!
Қосиму Авну Зуҳайру Ҷаъфарат ёдаш ба хайр!

Аввалин боре, ки ин ҷо омадам ёдат, ки ҳаст?
Шуд рикобам соқии обоварат ёдаш ба хайр!

Аввалин боре, ки ин ҷо паҳн шуд саҷҷодаам
Бо азони дилрабои Акбарат ёдаш ба хайр!

Ҳол, ман баргаштаам, аммо на мисли бори қабл
Қомати монанди сарви хоҳарат ёдаш ба хайр!

Аз амонатдориам дорам хиҷолат мекашам
Бачаҳои ман фидои духтарат ёдаш ба хайр!

Равзаи дирӯзамон ин буд бо бибӣ Рубоб
Эй арӯси модари ман Асғарат ёдаш ба хайр!

Ман худам ин ҷо ба ҷисмат пираҳан пӯшондаам
Дастбофи ёдгори модарат ёдаш ба хайр!

Рафтиву бо ашкҳоям бадрақа кардам туро
Эй бародар, он видои охират ёдаш ба хайр!

Мисли ҷаддам мешудӣ дар пеши чашмони ҳама
Вои ман аммомаи пайғамбарат ёдаш ба хайр!

Гар намебудӣ канорам Зайнабат ҳам мурда буд
Қории Қуръони ман нури сарат ёдаш ба хайр!
Маҳдии Назарӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти