Баъд аз сари ман гиря макун, ҷони падар!
Мардона бимон бар сари паймони падар!

Бар модари худ раҳмату шафқат бинамо
То ҳис накунад набуди эҳсони падар!

Аз додару хоҳарат намо дилдорӣ
Гар хоҳӣ набинӣ чашми гирёни падар!

Шав бандаи Ҳақ, дуо намо шому саҳар
Бо зикри Худо қадр кунӣ нони падар!

Хушбахт шавиву бар муродат бирасӣ
Ҳар лаҳза бувад дуои поёни падар!
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст