Please update your Flash Player to view content.

Лаҳзаи мушкил чу дидам ошно бегона шуд
Хонаи шоҳонаи ман дар даме вайрона шуд

Ҳар чӣ аз меҳру вафо мегуфт бо шавқу ҳавас
Бо худу паймонҳояш баҳри ман афсона шуд

Ҷону нонамро фидои дӯстӣ кардам, вале
Пушти по зад бар ҳама гӯӣ кару девона шуд

Ризқ он дам мешавад афзун, ки бошем қадрдон
Носипос дар ин ҷаҳон муҳтоҷи арзандона шуд

То шавад обод манзил хуни дилҳо хӯрдаам
Бемурувват қаҳр карду бенасиб аз лона шуд

Рӯзи сахти ман куҷо донанд беғамҳо кунун
Ҳамчу шаб торик бингар кулбаи ғамхона шуд
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти