Тақдим бар Муслим ибни Ақил сафири шаҳиди имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) дар Кӯфа
Дар миёни кӯчаҳо дилхастаам
Дил фақат бар ёрии Ҳақ бастаам
Аз муҳаббат ҳеҷ кас ёрам нашуд
Равшанибахши шаби торам нашуд
Хаста шуд аз ин ҳама раҳ пои ман
Нест дар Кӯфа аз ин баъд ҷои ман
Ҳар чӣ гуфтам: Аз Худо парво кунед
Нусрати дин Худо бо мо кунед
Гуфта будам ҷумла ҷамъанд ту биё
Лек ҳастанд аҳли тазвиру риё
Ё Ҳусейн, ин куфиёни бевафо
Мекушанд инак маро бо ин ҷафо
Иддаои нусрати ҳақ доштанд
Куштани меҳмон сабақ бигзоштанд
Ту наё, эй сарвари озодагон
Кӯфа шаҳри мурдагону золимон
Зидди мо бар душманӣ баста камар
Баҳри ботил ҷони худ карда сипар
Кӯфа бӯи бевафоӣ медиҳад
Эй дареғ аз ту ҷудоӣ медиҳад
Ҷони ман бодо фидои роҳи Ҳақ
Ҳастии худро ниҳодам дар табақ
Эй Худо, машмули раҳмат кун маро
Ходими Оли Муҳаммад кун маро!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст