Ҷонро фидо мекардаме дар ҳар канори Карбало
Худро шаҳид мекардаме дар он ғазоти Карбало

Шоҳ Ҳусайн мегуфтаме, дар хок меғалтидаме
Ҳам ҷону дил мекардаме он ҷоннисори Карбало

Шамшерҳо мебастаме дар ҷанг мепайвастаме
Хунҳо равон мекардаме дар ҷӯйбори Карбало

Ҷанги Язид мекардаме, шукри Маҷид мекардаме
Худро шаҳид мекардаме дар он мазори Карбало

Ин фитнаҳо ангехтан, хуни шаҳидон рехтан
Бо хоку хун омехтан дар сангу хори Карбало

З-ин дори дунё хез-хез, гар умматӣ з-ин ҷон гурез
Сад ҷӯи хун аз дида рез дар кӯҳсори Карбало

“Шаҳдӣ” биё афғон бикун, ҳам ҷону дил қурбон бикун
Ҳам чашми худ гирён бикун дар рӯзгори Карбало
Эшони Шаҳдӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст