Please update your Flash Player to view content.

Биё, эй хоҳарам бар Ҳақ назар кун
Зи ҷурму маъсият доим ҳазар кун
Раҳи хушбахтӣ рав бо луфти Аллоҳ
Шавӣ аз нақшаи Иблис огоҳ
Худо пӯшидагиро дӯст дорад
Вале шайтон либос аз тан барорад
Бало овард бар Ҳаввову Одам
Шуданд урёну шарманда ба як дам
Ту бояд арзиши худро бидонӣ
Худо ҳозир ба ошкору ниҳонӣ
Худоро банда шав то розӣ гардад
Вагарна зиндагият бозӣ гардад
Ту зебоии хеш бар ғайр пушон
Бари шавҳар, вале озоду хандон
Басе ғоратгари номусу мол аст
Басе инсон ба сират чун шағол аст
Ҳаёву иффати ту қимати туст
На ин бозича будан қисмати туст
Ту зебои ҷавони пок бошӣ
Ба чашми душманонат хок пошӣ
Бидон, ки дузди номус дар камин аст
Басе пайрав зи шайтони лаин аст
Ту насли баъдро тақдир созӣ
Накун бо худ ва насли баъд бозӣ
Зи Марям дарс гир аз порсоӣ
Ба сони Осия ёбӣ раҳоӣ
Хадиҷа Фотима ин чор сарвар
Зане дигар намебошад баробар
Ба дунболи ризои Ҳақ Таоло
Намуда фатҳ тамоми қуллаҳоро
Худо пушту паноҳи туст хоҳар
Агар Қуръону суннат гашт раҳбар
Дуои мо бувад хушбахтии ту
Зи Ҳақ осон шавад ҳар сахтии ту
Ҳама мо ахтарони осмонем
Ҳама тақдирсозони замонем
Агар арзиши гавҳарро надонем
Ба зиллат зери нангу ор монем
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти