Please update your Flash Player to view content.

Дар суги ғунчаи пар-пар Ҳувайдои панҷсола, ки ба дасти девсирати ҳайвонсифат шикор шуду бо озору ситам кушта шуд ва падару модар ва ҳамаро доғдору гирён кард!
Зи маргат хоҳаро, ҷон гиря дорад!
Дилам бо сӯзи пинҳон гиря дорад!

Хазон гаштӣ, аё гулгунчаи тар!
Падар бо оҳу афғон гиря дорад!

Шикастӣ қомати раънои модар,
Ки бо чоки гиребон гиря дорад!

Туро пар-пар намуда девсират,
Дили пурдоғи ёрон гиря дорад!

Замину осмон пурхуну нолон,
Зи маргат боду борон гиря дорад!

Малак андар фалак бо сад тааҷҷуб,
Зи нанги насли инсон гиря дорад!

Ҳувайдо, волидайнат нест танҳо,
Зи доғат Тоҷикистон гиря дорад!

Ту рафтиву чӣ шуре кардӣ барпо,
Ҳама чашми ғарибон гиря дорад!

Худоё, нест кун номардҳоро,
Ба ҳаққи он ки ин сон гиря дорад!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти