Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ибни Алӣ ва ёрони бовафои ишон, ки дарси диндорӣ ва озодагӣ ба дунё доданд!

Кист ин марде, ки рӯ дар рӯи дунё истода
Дар дили дарёи душман бемуҳобо истода

Ларза меафтад ба ҷони хайли душман аз хурӯшаш
В-аз наҳифаш қалби ҳастӣ, набзи дунё истода

Мегузорад пой бар фарқи шат аз дарёдилиҳо
Ваҳ чӣ боҳайбат тамошоист дарё истода

Гарчӣ Зайнаб зери бори доғҳо аз по нишаста
Такя карда бар амуди хаймаҳо, то истода

Ӯ, ки дорад фитрати нозуктар аз оина ҳатто
Дар масофи хасм чун кӯҳе зи хоро истода

Бо ғариви «мо райту филбало илло ҷамило»
Пеши рӯи он ҳама зиштӣ чӣ зебо истода!

Аз қиёми Карбало ин дарсро омӯхт бояд:
Зулмро натавон зи по андохт илло истода

Ин паёми таксавори зӯҳри Ошурост ёрон:
Марг дар фарҳанги мо зебост, аммо истода
Муҳаммадалии Муҷоҳид
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст