Please update your Flash Player to view content.
Иди саъиди фитр бар ҳамаи мусулмонон муборак бод!

Рамазон сояи меҳр аз сари мо мегирад
Боли раҳмат, ки ба сар дошт, фаро мегирад

Чун нагиряд дилам аз рафтани моҳу шаби қадр

Ки кунун хони пур аз лутфу сахо мегирад

Раҳмату мағфирату роҳи наҷот аз дӯзах

Дар куҷо банда чунин ҷоми шифо мегирад?

Буд тасбеҳ нафас, хоб ибодат, мӯъмин,

Соҳиби рӯза зи ман аҷру ҷазо мегирад

Гаштӣ бар нафс амиру шаҳавот аст асир

Ҳар кӣ ғайраш биравад роҳи хато мегирад

Дода тавфиқ Худо гаштӣ ба фитрат наздик

Гар туро азми дуруст аст, чаро мегирад?

Иди Фитр омаду шодем аз ин меҳмонӣ

Баҳри идӣ ҳама кӯшем, дуо мегирад

Бинамо аҳли саодат ҳамаи меҳмонро

Мӯъмин аз дасти Худо коми раво мегирад
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти