Please update your Flash Player to view content.

Аз ҷустани айби хеш афгор шудем
Ҳам боиси сад азобу озор шудем
Нашнохтаем ҳанӯз мо душману дӯст
Дар саҳнаи зиндагӣ басе хор шудем
Мардони ватан ба коми душман оре
Дар мулки ғариб ба тиккае зор шудем
Аз дурии мо кӣ суд дорад донӣ?
Имрӯз чаро чунин гирифтор шудем?
Аз бас ғами нону ҷони худ боз хӯрем
Ночор ба бегонаву бемор шудем
Аз абри сиёҳу зулматаш менолем
Оё шуда хуршед харидор шудем?
Ботил ба суроғи айби ҳақ мегардад
Бингар ба чӣ рӯзгор ночор шудем!
Уммед зи даст мадеҳ, эй ёвари ман
Чун толиби рӯи талъати ёр шудем
Ин шом расад ба субҳи содиқ? Оре
Он дам, ки зи хоб ҷумла бедор шудем
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти