Please update your Flash Player to view content.
Дар суги модари мӯъминон ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Шаб асту буғзи сукуту садои гиряи об
Шикаста қалби Расулу надорад имшаб хоб
Канори бистари марги азизу мунисаш
Гирифта замзама, ё Раб, Хадиҷаро дарёб
***
Ҳамон ки ҳастии худро ба ҳастиам бахшид
Ҳамон ки сӯхт ба пои мунодии тавҳид
Ҳамон ки гармии пушти рисолати ман буд
Намуд ҳадя худаш бар нубуввати хуршед
**
Дар он замон, ки шаби сарди куфр ҷавлон дошт
Забони захми адӯ, теғи тезу буррон дошт
Хадиҷа марҳами дилгармии раҳам мешуд
Ба офтоби вуҷудам ҳамеша имон дошт
**
Ҳамон ки дарки мақомаш мақом меорад
Нигар, ки Ҷабраил баҳраш салом меорад
Ҳамон сиришит зулолу муттаҳаре, ки Худо
Зи насли поку шарифаш имом меорад
**
Мақому манзилташро касе чӣ медонад
Шарики амри рисолат ҳамеша мемонад
Қади хамидаву мӯи сафеди ӯ имшаб
Ҳазор равза барои Расул мехонад
**
Барои модари имон сазост гиря кунем
Ва бо сиришки имомон сазост гиря кунем
Барои он ки зи ман ҳам ғарибтар гардид
Шабиҳи шоми ғарибон сазост гиря кунем
**
Қунути имшаби Заҳро фақат шуда модар
Ба рӯи синаи модар ниҳода сар, Кавсар
Илоҳӣ модари ёсам ғариб мемирад
Ғариб буду ғарибона ҷон диҳад охар
**
Хадиҷа гиря накун ин ҳама аз ин ғамҳо
Ки гиряҳо бинмояд ба ҷои ту Заҳро
Барои Фотима имшаб намози сабр бихон
Бибӯс синаи ӯро бибӯс дасташро
**
Агар ту будӣ, ёси ту ғунча во мекард
Ба ҷои такя бар он дар, туро асо мекард
Агар Хадиҷа ту будӣ ба пушти дар, Заҳро
Яқин кунам дар он ҷо туро садо мекард
**
Агар кафан ту надорӣ абои ман ба танат
Вале чӣ чора кунам бар Ҳусайни бекафанат
Наёварӣ ту ба мақтал Хадиҷа, Заҳроро
Чӣ мекунӣ ту дар он лаҳзаҳои омаданат
Раҳмони Навознай

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти