Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе
Фарёди шавқ бар сари ҳар кую бом хост
Пурсид з-он миёна яке кӯдаки ятим
К-ин тобнок чист, ки бар тоҷи подшост
Он як ҷавоб дод: Чӣ донем мо, ки чист?
Пайдост он қадар, ки матои гаронбаҳост
Наздик рафт пиразани кӯжпушту гуфт
Ин ашки дидаи ману хуни дили шумост
Моро ба рухту чӯби шубонӣ фирефта аст
Ин гург солҳост, ки бо галла ошност
Он порсо, ки деҳ хӯраду мулк, раҳзан аст
Он подшоҳ, ки моли раият хӯрад гадост
Бар қатраи сиришки ятимон наззора кун
То бингарӣ, ки равшании гавҳар аз куҷост
Парвин, ба каҷравон сухан аз ростӣ чӣ суд
Ку ончунон касе, ки наранҷад зи ҳарфи рост?
Парвини Эътисомӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст