Please update your Flash Player to view content.
Кард девори ҷаҳолатро нагун,
Ҳар куҷо теғи забони порсӣ,

Душманонашро ҳаме карда забун,
Дурри маъниву баёни порсӣ.

Гар гуле бишкуфт дар боғи адаб,
Ҳосиле аз бӯстони порсӣ.

Лаззати қанди сухан хоҳӣ гирифт,
Аз каломи шоирони порсӣ.

Дарси илму маърифат омухтанд,
Мардум аз донишварони порсӣ.

Маснавӣ илҳоми қуръонӣ бувад
Гуфтаи ширинбаёни порсӣ

Бод ширин коматон, эй ошиқон,
Аз каломи ошиқони порсӣ.
Шаҳоб Ҳикмат (бо андак тағйирот)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти