Аз лаҳзаи ҷон доданат, эй бехабар, андеша кун!
Ҳар лаҳза марги худ бибин аз ин хатар андеша кун!

Дар бандагии Ҳақ бикӯш, айби дигар мардум бипӯш
Аз гуфтаи ноҳақ хамӯш, шому саҳар андеша кун!

Рафт аз ҷаҳони бебақо, хатми нубувват Мустафо
Дур аз ҷафо бинмо вафо, баҳри сафар андеша кун!

Аз роҳи Ҳақ гирӣ навид, иқболи ту гардад сафед,
Шайтони малъун ноумед, ҳолаш нигар андеша кун!

Дасти дуо боло намо, роҳи саодат аз Худо
Хоҳу дар ин дори фано чун раҳгузар андеша кун!
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст