Please update your Flash Player to view content.

Моҳи меҳмонӣ барои аҳли имон, ассалом!
Шӯӣ инак ҷисму ҷон чун оби борон, ассалом!
Омада Қуръон ба қалби "Раҳматан лилоламин"
Кардаӣ ҳастӣ баҳорон моҳи ғуфрон ассалом!
***
Ҳуш дор, ки моҳи Рамазон меояд
Шӯяндаи рӯҳу ҷисму ҷон меояд
Омодаи ҳақпазирӣ бош, эй ҷонам
Пайғоми Худои меҳрубон меояд
***
Омада моҳи рӯза, эй дустон башорат
Бингар зи дӯст ҳар дам бар мо расад ишорат
Меҳмонии Худо шуд, эй дил зи хоб бархез
То мизбон намояд аз раҳматаш нисорат
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти