Имрӯз чӣ рӯзест
Ҷашни Алифбост
Синфхонаи мо
Пур шуру ғавғост

Бо ҳам бигӯем
Мо босаводем
Худо медонад
Ки хеле шодем

Бӯсем инак
Дастони модар
Меҳри падарро
Дорем бар сар

Хонум муаллим
Дорем ташаккур
Ту роҳи моро
Кардӣ пур аз нур

Хонум муаллим
Чӣ меҳрубон аст
Саводи мо ҳам
Ба лутфи он аст

Холиқи доно
Лутфе бифармо
То нури дониш
Борад ба дилҳо

Таҳияи Фотима
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст