Аз ҳама ганҷи ҷаҳон болост Қуръони Шариф
Беҳтарин ганҷинаи дунёст Қуръони Шариф
Дидаҳоро нур бахшад синаҳоро рушанӣ
Рушноибахшу рӯҳафзост Қуръони Шариф
Нур меборад зи рӯи марди Қуръонхон мудом
Поку беолоиш бас зебост Қуръони Шариф
Сураи Қуръон муқаддас ояти Қуръон азиз
Раҳкушову раҳнамои мост Қуръони Шариф
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст