Рӯзе, ки ёр ҳеҷ набошад паноҳи ман
Бошад Худои поки раҳим хайрхоҳи ман
Рӯзе, ки гумраҳон бизананд таъна мақсадам
Касби ризои ҳақ ҳама дам ҳаст роҳи ман
Танҳо агар шавам набувад тарс дар дилам
Бошад дуову ашк сипоҳу силоҳи ман
Дар роҳи ишқи ҳақ чӣ хуш аст ҷоннисориҳо
Субҳи умед ҳаст ба қалбу нигоҳи ман
Рӯзе, ки ҷумла оламу одам шавад адӯ
Ғам нест бар дилам чу Худо такягоҳи ман
Гар бандагист мақсади ман нест боку тарс
Рӯзе, ки хоки сард бувад хобгоҳи ман
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст