Please update your Flash Player to view content.
Зи кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафурӯзӣ

Чу гул гар хӯрдае дорӣ Худоро сарфи ишрат кун
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти маи лаъл аст
Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ
Ба гулзор ой к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ

Чу имкони хулуд, эй дил, дар ин фирӯза айвон нест
Маҷоли айши фурсат дон ба фирӯзиву беҳрӯзӣ

Тариқи комбахшӣ чист? Тарки коми худ кардан
Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардузӣ

Сухан дар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири Наврӯзӣ

Надонам навҳаи қамарӣ ба тарфи ҷӯйборон чист
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ

Мае дорам чу ҷон софиву сӯфӣ мекунад айбаш
Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бадрӯзӣ

Ҷудо шуд ёри ширинвт кунун танҳо нишин эй шамъ
Ки ҳукми осмон ин аст агар созиву гар сӯзӣ

Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум
Биё соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти