Баргард эй тавассули шабзиндадорҳо
Поён бидеҳ ба гиряи чашминтизорҳо

Аз як хурӯши нолаи ушшоқи кӯи ту
Ҳоҷатраво шаванд ҳазорон-ҳазорҳо

Як бор низ пушти саратро нигоҳ кун
Дил баста ин пиёда ба лутфи саворҳо

Аз дард беҳисоб фақат дод мезанам
Оё намерасанд ба ту ин шиорҳо

Моро ба ҷабр ҳам, ки шуда сар ба зер кун
Хайре надидаем аз ин ихтиёрҳо

Бояд барои дидани ту "Маҳзёр" шуд
Яъне гузаштан аз ҳамагон "маҳзи ёр"-ҳо

Бояд муҳаббатам ба ту холистар шавад
Беҳуда нест, ин ки гиреҳ хӯрда корҳо

Як бор ҳам масири дилам сӯи ту набуд
Аммо масири ту ба ман афтод борҳо

Шабҳо бидуни омаданат субҳ мешаванд
Баргард эй тавассули шабзиндадорҳо

Ин дастҳо ба лутфи ту зарфи гадоианд
Ё айюҳалазизи тамоми надорҳо
Алиакбари Латифиён
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст