Please update your Flash Player to view content.
Дар ғарибӣ аз диёри худ ҷудо
Гаштаам беёру ёвар эй Худо
Дар қафас зору гирифторем чун
Зулми золим мекунад бедодҳо
Ҳоҷатам бисёру даргоҳат васеъ
Аз карам кун ҳоҷати моро раво
Мезанад ҳар дам гиреҳе зиндагӣ
Бо иноят ҳар гиреҳи мо кушо
Гаштаам аз ранҷи беганҷ дардманд
Дарди моро ҷумла бинмоӣ даво
Дар набарди беамон бо Аҳриман
Ғайрате деҳ то кунем ҷонро фидо
Шамъи озодӣ басе парвонаро
Мекушад ҳар лаҳза, аммо бесадо
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳам
Аз сари раҳмат ба мо лутфе намо
Дур гардон абрҳои тираро
То диҳад шамси само нуру зиё
Модарам, эй ҳамсари ғамдидаам
Мерасад поёни ранҷу ғуссаҳо
Аз падар омухтам мардонагӣ
Ҷонфишонӣ боядат гардӣ раҳо
Луқмаи нонам ба заҳмат мехӯрам
Нест зулму ҷурмро охир бақо
Дасту фикрам сарнавиштам мешавад
Эй Худо, неку намо аҳволи мо
Субҳи содиқ дар камини зулмат аст
Ҳиммате деҳ то расем бар субҳ мо
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти