Please update your Flash Player to view content.
Гар аз ҳузури ёр ҳазар мекунӣ, макун!
Чун булҳавас суроғи дигар мекунӣ, макун!

Бар гӯши хеш гӯй, ки ҷононаат манам!

Инак маро, ки хуни ҷигар мекунӣ, макун!

Умрест ман нишаста ба роҳи ту интизор,

Инсоф нест, ғайр назар мекунӣ, макун!

Оё хилофи ваъдаи ман дидаӣ магар?

Бемеҳрӣ-бевафоӣ агар мекунӣ, макун!

Пурбор зиндагӣ зи муҳаббат шавад агар

Бар ҳосилат агар ту шарар мекунӣ, макун!
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти