Иззати милли чист?

Иззати милли иборат аст, аз инки як миллат дар худ ва аз худ эҳсоси ҳақорат ва пасти накунад. Як миллат ҳангоми ки ба даруни худ ба сармояи худ, ба таърихи худ, ба меъросҳои таърихиӣ худ, ба мавҷуди инсони ва фикрии худ нигоҳ мекунад, эҳсоси иззат ва ғурур кунад, эҳсоси ҳақорат ва зиллат накунад.

Иззат ба маънои сохти мустаҳками даруни як фард ё як ҷомеъа аст ки ӯро дар муқобил бо душман, дар муқобил бо монеъҳо, дорои иқтидор мекунад ва ба чолишҳо ғалаба мебахшад.

Дар мантиқи Қуръон, иззати воқиъи ва комил муталиқ ба Худованд ва ба ҳаркаси аст, ки дар ҷабҳаи Худой қарор мегирад. Дар масоф байни ҳақ ва ботил, байни ҷабҳаи Худойи ва ҷабҳаи Шайтони, иззат мутаалақ ба касони аст, ки дар ҷабҳаи Худой қарор мегиранд. Ин мантиқи Қуръон аст. Дар сураи Фотир ояти 10 мефармояд: “ ҳар каси ки хоҳони иззат аст, пас (бидонад ки) иззати ҳамаги аз они Худост.”

Иззати милли фақат ҳарф ҳам нест. Ин тарҷумаи амали дар ҳамаи заминаҳои зиндаги мо дорад.

Иззати милли дар мудирияти кишвар ба ин маъност, ки як давлат ба миллати худ муттаки бошад, ба мардум муттаки бошад.

Иззати милли дар масъалаи иқтисоди ба ин маъност ки як кишвар ба қудрати худкифоӣ бирасад, битавонад агар ҷизи аз дунё ниёз дорад, мегирад ва чизиҳам дунё ба у ниёз дошта бошад ва дар муқобил аз ӯ бигирад; мағлуб набошад, мақҳур набошад.

Иззати милли дар заминаи илм ба ин аст, ки ҷавони донишҷуӣ ӯ, парваришгари ӯ, олими муҳақиқи ӯ талош кунад марзҳои илмро дар навардад ва тавлиди илму идея кунад.

Иззати як миллат дар сиёсатҳои гуногун ва дар таъомулаш бо кишварҳои дигар ва давлатҳо ва қудратҳо ин аст, ки аз истиқлоли рай бархурдор бошад. Як давлат дар муқобили қудратҳо ончунон зуҳур кунад, ки натавонанд дар ҳеҷ масъалаи хостаҳои худашонро бар ӯ таҳмил кунанд.

Иззати милли дар заминаи фарҳанг ба ин аст, ки як миллат ба суннатҳои худ пойбанд бошад, барои онҳо арҷ қоил бошад, муқалиди фарҳангҳои бегона ва муҳоҷим нашавад.

дар наҳваи идораи кишвар ва иртибот бо инсонҳо, иззати милли ба ин аст, ки так таки инсонҳо дар як ҷомеъа мавриди эҳтиром қарор бигирад. Алй (а) ба намояндагонаш дар бораи иртибот бо мардум мефармояд: “ агар ҳамдини шумост, мавриди эҳтиром аст; агар ҳамдини шумоҳам нест, мавриди эҳтиром аст”.

Барои ҳамин роҳи як миллати бузург барои расидан ба увҷи пешрафт иборат аст, аз инки ин иззати миллро дар тамоми заминаҳо ҳифз кунад.

Солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон гиромӣ бод!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст