Please update your Flash Player to view content.

Хоҳанд басе, ки ману ту мо нашавем
Аз дард бимирему мудово нашавем
Аз куштани ҳамдигар хиҷолат накашем
Бадном шавему дасти боло нашавем
Бе дилбару ошно ба ин дарбадарӣ
Одат шаваду ҷониби Лайло нашавем
Эй дӯст, дилам ба буданат ҳаст қавӣ
Бошӣ ба барам заифу танҳо нашавем
Бо ёди Худои меҳрубон даргузарем
Аз лағзиши ҳам оташи даъво нашавем
Имрӯз ғанимат аст ҳамкории мо
Варна ба умеди бахти фардо нашавем
Як умр намоӣ хидмати мардона
Мо маҳрами рози аҳли инҷо нашавем
Душман ҳама дам ба фикри нобудии мо
Ҳуш дор, ба макраш ҳама расво нашавем
Бо лутфи Худо пардаи зулмонӣ равад
Навмед зи қурбу меҳри дилҳо нашавем
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти