Please update your Flash Player to view content.

Дили моро пур аз ғам кун, Худоё
Ду чашмонам пур аз нам кун, Худоё
Замон аз булҳавасҳо пеши по хӯрд
Муҳаббатро муқаддам кун, Худоё
Каломи ҷовидони ҳақпарастӣ
Шиори халқи олам кун, Худоё
Қалам бар рӯи коғаз саҷда дорад
Сари бесаҷдаро хам кун, Худоё
Арбоб Қурбони Мастчоҳӣ
Аз соқа то садр, саҳ. 639

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти