Please update your Flash Player to view content.

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам махур,

Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон ғам махур.

Эй дили ғамдида ҳолат бад шавад дил бад макун,

В-ин сари шурида боз ояд ба сомон ғам махур.

Гар баҳори умр бошад боз бар тахти чаман,

Чатри гул дар саркаши эй мурғи хушхон ғам махур.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махур.

Ҳон машав навмед чун воқиф найи аз сирри ғайб,

Бошад андар пардабозиҳои пинҳон ғам махур.

Эй дил ар сейли фано бунёди ҳасти бар канад,

Чун туро Нуҳ аст киштибон зи туфон ғам махур,

Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳи зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон ғам махур.

Гарчи манзи бас хатарнокасту мақсад бас баъид,

Ҳеҷ роҳе нест конро нест поён ғам махур.

Ҳоли мо дар фирқати ҷонону иброми рақиб,

Ҷумла медонад Худои ҳолгардон ғам махур.

Ҳофизо дар кунҷи фақру халвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуову дарси Қуръон ғам махур

Ҳофизи Шерозӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти