Please update your Flash Player to view content.

Осия номи зане аст, ки ҳамсари Фиръавн ва духтари Музоҳим буда аст.

Қуръон дар ду оят, аз ин бонуи бузургвор бо унвони "امْرَأَتَ فِرْعَوْن" ёд карда аст.[1]

Бибобра ин дар Қуръон номи ишон зикр нашуда ва асосан номи ҳеҷ зане ғайр аз ҳазрати Марям(с) дар Қуръон наёмада, балки ба таври кулли ададҳо, асоми, хусусиёт ва ҳолоти ҷузъи ва рузмаррае, ки нуктаи дини ва абади дар он набошад, ҷойгоҳе дар баёноти Қуръони надошта ва Қуръон аз зикри онҳо худдори карда аст.

Осия аз нигоҳи Қуръон

Осия ҳамсари Фиръавн буд. Гуфтаанд ҳангоме, ки муъҷизаи Мусо(а) ро дар муқобили соҳирон дид, қалбаш ба нури имон равшан шуд ва аз ҳамон лаҳза ба Мусо(а) имон овард.

Ҳангоме, ки Осия охирин лаҳзаҳои умри худро мегузаронд, дуояш ин буд:

“Парвардигоро! Барои ман хонае дар биҳишт дар канори худат бино кун ва маро аз Фиръавн ва аъмолаш раҳои бахш ва маро аз ин қавми золим наҷот деҳ.”

Осия дар аввалин эълони рисолат ва эъҷози ҳазрати Мусо(а) паёмбари улулазми илоҳӣ барои Фиръавн ба ӯ имон овард: Яъне ҳангоме, ки асои ҳазрат ба мори азиме табдил шуд ва сеҳри соҳирони Фиръавнро балъид, ба паёмбари ишон яқин карда ва имонашро нисбат ба ҳазрати Мусо(а) ошкор намуд.

Ҳангоме, ки Фиръавн аз имони ӯ бохабар шуд, борҳо ӯро наҳй кард ва исрор дошт, ки Мусо(а) ва Худояшро раҳо кунад, вале ин зан бо истиқомат ҳаргиз таслими хостаи Фиръавн нашуд.

Вақте атрофиёнаш ба ӯ мегуфтанд: “Тамоми имконот, ки дар ихтиёри тустро бо имон ба як чупон (Мусо(а)) аз даст надеҳ! Ҷавоб медиҳад ва безории худро аз Фиръавн ва ҷиноёташ ошкор мекунад.”

Саранҷом Фиръавн дастур дод дасту поҳои Осияро бо мехҳо баста, дар зери офтоби сузон қарор диҳанд ва санги азиме бар синаи ӯ бияфкананд.

Худованд низ дуои ин зани муъмини фидокорро мустаҷоб намуд ва ӯро дар канори беҳтарин занони ҷаҳон қарор дод.

Дар ҳадисе аз Расули Худо(с) мехонем ки фармуд:

«أَفْضَلُ نِسَاءِالْجَنَّةِ أَرْبَعٌ: خَدِیجَةُ بِنْتُ خُوَیلِدٍ وَ فَاطِمَةُ بِنْتُ مُحَمَّدٍ(صلی الله علیه وآله) وَ مَرْیمُ بِنْتُ عِمْرَانَ وَ آسِیةُ بِنْتُ مُزَاحِمٍ، إمْرَأَةُ فِرْعَوْن»[

“Бартарин занони аҳли биҳишт чор нафаранд: Хадича духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад(с), Марям духтари Имрон ва Осия ҳамсари Фиръавн.”[2]



[1] Сураи Қасас, ояти 9 ва сураи Таҳрим, ояти 11.

[2] Дуррул мансур, ҷ 6, саҳ 246.

Назарҳо   

+1 # Осия 2018-05-04 06:05
Ман фарзандамро Осия ном мондам мумкин хаст
Reply | Reply with quote | Нақли қавл

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти