Please update your Flash Player to view content.

Афзоиши теъдоди мусалмонон дар Испониё

Пажӯҳишҳои ахир нишон медиҳанд, ки теъдоди мусалмонон дар соли 2030 дар Испониё ба 3,7 дар сади кулли ҷамъияти ин кишвар хоҳад расид.

Маркази пажӯҳишҳои динии Pew, тайи таҳқиқоти ҷадиде, эълом кардааст, ки теъдоди мусалмонони Испониё дар ҳоли ҳозир беш аз як

миллион нафар аст, ки тайи ду даҳаи оянда ин теъдод ба ҳудуди як миллиону 900 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт.

 

Дар ин таҳқиқот таъкид шудааст, ки теъдоди бисёре аз мардуми Испониё яъне ҳудуди 20 ҳазор нафар, тайи ҳафт соли ахир ба дини мубини ислом гаравидаанд.

Маркази Pew иқрор кардааст, ки теъдоди мусалмонон дар ин кишвар, тайи 20 соли оянда ду баробар беш аз соири кишварҳои ҷаҳон афзоиш хоҳад ёфт.

манбаъ: Кимиёи саодат

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти