Зиёратгоҳи Хоҷа Машҳад (асри 9-12м)

Мақбараи Хоҷа Машҳад яке аз маконҳои исломии Тоҷикистон мебошад ки бо равишҳои меъмори исломӣ сохта шуда аст. Ин зиёратгоҳ дар ҷунуби Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қарор дорад, ки аз қадимул аём мавриди таваҷҷуҳи мардуми Тоҷик буда аст.

Ноҳияи Шаҳритус:

Ноҳияи тобеи вилояти Хатлон буда дар ҷунуби кишвари Тоҷикистон қарор дорад. Ин ноҳия бо масоҳати 1500км-кв дар рӯзи 29.8.1930м таъсис шуда ва то соли 2007 93500 нафар ҷамъият дошта аст. Аксари мардуми онр сокинони бумӣ, аз қавмҳои Узбек, Араб ва мардуми кӯҳистонӣ (Ванҷ, Ғарм, Дарвоз, Помир ва мардуми водии Зарафшон ва Суғд) ташкил дода ва Русҳо, Қазоқҳо, Туркманҳо, Татарҳо, Укроинҳо ва ғайра низ дар он сукунат доранд. Ин ноҳия яке аз ноҳияҳои зебои Тоҷикистон аст, ки бо Афғонистон ва Узбакистон ҳаммарз мебошад.

Амокини зиёратӣ ва бостонии ноҳияи Шаҳритус:

Ноҳияи Шаҳритус яке аз минтақаҳое аст, ки аз назари таърихӣ ва амокини бостонӣ, зиёратӣ ва гардишгарӣ дар Тоҷикистон бисёр мавриди таваҷҷуҳ мебошад. Аз даврони қадим, Шаҳритус ҷузъи қаламрави ҳукумати исломӣ буда ва дар он осор ва биноҳои исломӣ зиёд мебошад. Бархе аз ин осори исломӣ ҷанбаи зиёратӣ ва маънавӣ дошта ва Шаҳритусро машҳур ва маъруф намуда аст ва мардумро аз ҷоҳои мухталифи Тоҷикистон барои зиёрат ба ин ноҳия мекашонад. Баъзе аз ин осор аз тарафи вазорати фарҳанг ҳимоятшуда ва ҷузви амокини мазҳабӣ ва бостонӣ ба сабт расидаанд.

Биноҳои монанди

Хоҷа Машҳад (асри 9-12м дар деҳаи Сайёд бо як мадраса дар канори мақбара)

Мунҷоқтеппа (асри 4-9м шаҳри бостонӣ)

Оқмазор (асри 12-13м)

Хоҷа Сарбоз (асри 11-12м дар деҳаи Трактор)

Хоҷа Дурбод (асри 12-13м дар деҳи Партизон)

Тилоҳалоҷӣ (асри 11-12м)

Хоҷа Ғойиб (асри 20м)

Ва макони диданӣ ва мазҳабие ба номи Чилучаҳор чашма (ки имӯуз дар ноҳияи ба номи Бишкент қарор дорад). Ин албатта дар ин макон як мақбара ба номи Қамбар Ғуломи Алӣ ҳам ҳаст, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати мардум буда ва ҳаст.

Аммо Хоҷа Машҳадро метавон аз машҳуртарин ва маъруфтарин осори исломии ин минтақа баршумурд, ки мавриди таваҷҷуҳи мардум буда ва ҳаст.

Нигоҳе ба Хоҷа Машҳад (асри 9-12м)

Хоҷа Машҳад яке аз биноҳои исломӣ ва бостонӣ аст, ки миёни асрҳои 9 то 12 мелодӣ сохташуд. Ин макони бостонӣ дар асл мадраса мебошад ва бар асари дафни соҳиби он ва шогирдони вай дар дохили он мадраса, ҷанбаи зиёратӣ ба худ гирифта аст. Ин бино назди мардуми Шаҳритус бисёр муқаддас буда ва дар тули ҳафта дар як рӯзи хос (бештар чаҳоршанбе роиҷ шудааст) ба зиёрати он рафта хайроту садақоти худро медиҳанд ва бо тиловати Қуръон зиёрати худро комил мекунанд. Дар тарафи дигари Хоҷа Машҳад қабристоне аст, ки мардуми деҳаи Сайёд дар онҷо мадфун мегарданд ва ин худ иштиёқи мардумро барои зиёрати он маконро ҳам бештар мекунад.

Мардуми Шаҳритус муътақиданд, ки Хоҷа Машҳад номи як донишманд ва мубаллиғи исломӣ аст, ки аз ховари миёна ба ин минтақа омада ва мадрасаеро бино ниҳод. Баъдҳо марсум ба мадрасаи Хоҷа Машҳад шуда аст. Ин мадраса дар рустои Сайёд дар 5 километрии Шаҳритус воқеъшудааст.

Муаррихон қидмати ин мадрасаро 1200 сол дониста ва муътақиданд, ки ин шахсияти барҷастаи исломӣ дар рустои Сайёд чашм аз ҷаҳон фуру баст ва дар зери гунбади ин мадраса дафн гардид ва дар солҳои баъд 54 тан аз муридонаш низ дар канори марқади вай ба хок супурда шудаанд. Қубури онҳо, то ба имрӯз вуҷуд доранд ва мардум ба зиёрати онҳо омада Қуръон мехонанд.

Коршиносони масоили фарҳангӣ ва ҳамчунин мардуми минтақа муътақиданд: бархе аз бузургмардони ирфону андешаи исломӣ дар ин мадраса таҳсил кардаанд ки аз он ҷумла аз Носири Хирав (1088м) низ ном бурдаанд. Мадрасаи Хоҷа Машҳад аз қарни 9 то 12м фаъол буда ва саҳми басазое дар густариши Ислом дар мовароуннаҳр дошта аст, вале бо ҳамлаи Муғул (дар соли 1219 м) ин мадраса тахриб шуд ва шумори зиёде аз мударрисон ва тулоби ин мадраса шаҳид, захми ва овора шуданд. Сохтумони маҷмуа иборат аз 2 бахш аст, гунбаде ки тавассути як пеш айвони баланд баҳам пайвастаанд. Девори 3метрии он дар тули 12 қарн ҳамчунон побарҷост, ки рози мондагории онро ба хос будани таркиби муҳандиси бино ки мутааллиқ ба Хоҷа Машҳад аст, медонанд. Сохтумони дорои ҳуҷраҳо, ниёйишгоҳ, чилахона ва толорҳои ҷудогонае аст ва равзанаи васати ҳар гунбад роҳе барои вуруди рушнойи, гармо, табодули ҳарорат, рутубат ва ҳамчунин огоҳшудан аз вақтҳои шаръи ва расади ситораҳо аз даруни сохтумон мебошад. Ба эътиқоди мардум ин ду гунбадро фариштаҳо дар як шаб то намози бомдод сохта ва бо шунидани садои азон рафта ва болои гунбадҳоро напушондаанд ва аз он замон то ба ҳол боз мебошад!!!.

Дар муқобил ва атрофи сохтумони асли, осоре аз вуҷуди биноҳои дигар ба чашм мехурад, ки ба назар мерасад маҳалли иқомаи мударрисон ва шогирдони ин мадраса буда ва то баҳол зери хок боқи мондаанд. Тайи беш аз 1000 сол аст, ки Хоҷа Машҳад назди мардуми маҳалӣ аз эҳтиром ва тақаддуси хоссе бархурдор аст. Ҳатто дар даврони Шуравӣ низ ба рағми мамнуъбудани ҳузур дар амокини мазҳабӣ ва зиёратӣ, ин маҳал яке аз зиёратгоҳои аҳолии минтақа буд. Вале дар нимаи дувуми қарни 20м, ин мероси куҳани исломӣ мавриди таваҷҷуҳи давлати вақт қарор гирифт, ба тавре ки теъдоде аз бостоншиносони номии шуравӣ тайи солҳои 1962м -1974 ва 1987 иқдом ба анҷоми амалиёти бостоншиносӣ дар ин маҳал карданд. Муҳаммадюсуф Азимуф масъули ҳифозат аз ин мероси куҳан, ки ин корро аз падараш ба ирс бурдааст, дар гуфтугӯ бо нигоранда гуфт: намод ва тарҳи дохил ва хориҷи ин сохтумонро ба таври комил ба ёд дорад ва қабл аз шурӯи мутолиоти бостоншиносӣ дар соли 1962м, давр то даври ҳарду гунбад ояҳое аз Қуръони Маҷид ҳак шуда буданд, ки бо оғози ин таҳқиқот хиштҳои ҳовии ин ояҳо кандашуданд, то кунун аз онҳо хабаре нест. Ба ғайр аз 13 лавҳи ҳовии оёти Қуръон, ки рӯи 34 лавҳ абёте ҳак шуда буд. Онҳо низ мафқуд шуданд, зеро бо оғози таҳқиқоти муҳаққиқони Рус, онон вуруди дигаронро ба ин фазо мамнуъ ва ашёи кашфшударо бо худ ба хориҷ мунтақил карданд ва ҳануз ҳам ҷои холии 13 лавҳи мазкур бар рӯи девори гунбад мушоҳида мешавад, аммо аз вуҷуди алвоҳ хабаре нест ва бостоншиносони Рус моро аз ин мероси гаронмояи динӣ ва фарҳангӣ маҳрум карданд. Дар соли 1962 бостоншиносони Рус бо мудирияти Немисуф мутолиа бар руи Хоҷа Машҳадро оғоз ва китобҳо ва насхи хатии фаровоне кашф карданд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо теъдоди маъдуде аз онҳо дар марокизи фарҳангии миллии кишвар чун музеи торихшиносии Аҳмади Дониш ва музеи Камолиддини Беҳзод дар шаҳри Душанбе ва ҳамчунин музеи мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус вуҷуд дорад ва бахши аъзаме аз онҳо ба хориҷ аз кишвар мунтақил шуданд. Ба муносибати бузургдошти ҳазорумин солрузи Носири Хисрав, ки яке аз дониш омухтагони ин мадраса буд, дар соли 2001 мелодӣ вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамкории сафорати ҷумҳурии исломии Эрон бахши ғарбии онро тармим намуданд ва аз соли 2003 то соли 2010м сафорати Амрико бозсозии Хоҷа Машҳадро бар уҳда дошт. Фазои ин маҷмуа 5/1 гегтор аст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо ҳудуди ниме аз он бозсозӣ шуда ва китобхона ва утоқҳои мутааллиқ ба мударисон ва шогирдон, ҳамчунон ниёзманди тармим ҳастанд.

Ҳақдоди Маърифат

2