Нишасти намояндагони интизомии панҷ кишвар дар Тоҷикистон

Ҳамоиши байнидавлатии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (амниятӣ ва интизомӣ)-и панҷ кишвар - Афғонистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва ИМА - дар Душанбе оғоз шуд.

Намояндагони ниҳодҳои интизомии кишварҳои Русия, Афғонистон, Қирғизистон, Амрико ва Тоҷикистон (гурӯҳи мавсум ба "Роҳи шимол") дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд, то зимни баррасии масоили чандҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯ кунанд.

Бар асоси гузори сомонаи Tajik.irib; Равобити умумии Муассисаи мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар баёнияе эълом кард, ки дар ин нишаст роҳу равишҳои амалиёти муштарак барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи муассир бо терроризм ва фаъолияти созмонҳои ҷиноӣ ва ифротӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш гурӯҳ "Роҳи шимол" дар соли 2010 ташкил шуда ва то кунун панҷ нишасти муштарак баргузор карда аст.

Ҳамчунин тибқи гузориши «Ховар» 30 март директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо сарони ҳайатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия, ки дар кори ҳамоиши байнидавлатии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи панҷ кишвар - Афғонистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва ИМА иштирок доранд, мулоқот анҷом дод.

Тавре хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши ташкили муборизаи зидди қочоқи маводи нашъаовар, ҷараёни иҷрои кор дар самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳандозӣ намудани амалиётҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Тоҷикистон ҳамчун масири транзитии маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷа дида мешавад ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои байналмилалӣ будааст.

2