Имрӯз 12 октябр ба номи “рӯзи бузургдошти Ҳофиз” номгузори шуда аст; шоире ки ба ринди ва маҷоз дар шеър шуҳрат ёфта аст ва девонаш дар хонаҳо аст. Шоире ки бисёре сарнавишти худро аз ло балои сафҳаҳои девони ӯ меҷуянд.

Абдулҳусейни Заринкуб дар мақолае дар бораи Ҳофиз менависад: Ҳофиз ки буд? Аз солҳои кудаки ӯ иттилоъи дурусте дар даст нест. Дар солҳои ҷавони ӯ Шероз дар дасти шоҳ Абуисҳоқи Инҷу буд. Дар берун аз Шероз ваҳшат ва ноамни ҳама ҷо соя афканда буд. Амир Муборизуддин бо фарзандони хеш бар Кирмон даст андохта буд ва Шерозро таҳдид мекард. Озарбойҷон дар оташи ҷавру бедоди малик Ашрафи Чупони месухт ва Хуросон арсаи ошуб ва ҳарҷу марди Сарбадорон буд. Давлати Илхониёни муғул бозичаи муддаиёни салтанат ва умарои овозаҷуй гашта буд. Ноамни сояи шуми худро ҳама ҷо афканда буд. Дар Хуросон, дар Озарбойҷон ва дар Ироқ мукаррар ба дунболи ҷангҳои қаҳти ва тоъун падид меомад. Шоҳ Шайх дар Шероз сар ба ишрат ва шароб фуру бурда буд ва агар ба ҷанг ҳам мепардохт ҷангро низ чун бозича мегирифт.

Дар давраи ӯ Шероз як чанд ором аммо хоболуд ва бехиёл ба сар бурд. Бо ин ҳама оромиш ва имани давом наёфт. Не Шероз иман монд ва не подшоҳи айёши ҷавонаш шоҳ Абуисҳоқ. Вақте Амир Муборизуддин бо фарзандонаш бадонҷо дар сарид Шероз ба дасти Оли Мазаффар афтод ва шоҳ Абуисҳоқ бо хуни хеш каффораи ишратҷуиҳояшро дод. Дар ин азмон Ҳофиз ҳанӯз дар солҳои ҷавони буд ва дар Шероз ба ишрату шоди мезист. Насими Мусалло ва оби Рукни хотири ӯро ки ҷуёи хилват ва тафаккур буд ба худ машғул медошт. Дар хонаи хеш осоиш дошт ва аз ҳамин ру ба Шероз алоқа меварзид. Дар боби зиндаги ӯ дар хонавода ва роҷеъ ба аҳволи хешону касонаш ҷуз поаре иттилооти мухтасар аз девонаш чизе ба даст намеояд. Тазкиранавсион гуфтаанд модараш аз аҳли Козарун буд ва падараш ҳам аз Исфаҳон ё ҷои дигар ба Шероз омада буд. Агар бар ингуна ривоят битавон эътимод кард вай ҳам бародар ва хоҳар дошт, ҳам зану фарзанд. Аз рӯи девонаш низ то ҳадде метавонд тасвире аз ин конуни хонаводаги шоир тарсим кард. Зане дошт ки бо ӯ метавонист андуҳу танҳои худро аз ёд бибарад. Дар сояи қадаш биншинад ва фитнаи рӯзгори хунолуди хешро фаромуш кунад. Аммо, ин бор казу хонаи вай рашки пари бурд, суҳбаташ дер напоид, ҳатто як фарзанд низ ки “меваи дил”и шоир буд намонд. Бо ин ҳама ишқ ба хонаву хонавода дар дили шоир ҳамвора боқи буд ва дар воқеъ ҳамин ишқ буд ки ӯро ба Шероз пойбанд мекард.

Шеъри Ҳофиз сурудаи ишқу бехуди аст ва шоир ҷуз бо ишқ ва бехуди наметавонад андуҳи замонаеро ки дар фасоду гуноҳу дуруғу фиреб ғута мехурад фаромуш кунад. Дунёи ӯ мисли дунёи Хайём аст: Бесубот ва доим дар ҳоли вайрони.

Дуруст аст ки баъд аз ин гаҳ гоҳ андуҳу малоли шоирро ба тарки ёру диёр бармеангехт аммо насими хоки Мусалло ва оби Рукнобод вайро иҷозат ба сайру сафар намедоданд. Як ду сафари кутоҳ ҳам ки ба Язд ва шояд Ҳурмуз кард зоҳиран чандон матлуби ӯ воқеъ нашуд. Аз инрӯ ҳама умр дар зодгоҳи хеш монд ва аз ин манзили ҷонон дигар сафар накард. Оё ҷуз ишқ ба зану фарзанд ишқи дигаре низ дили шоирро дар ин шаҳре ки “маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн” тасхир карда буд? Ҳеҷ кас намедонад. Аммо афсонасозон дар боби ишқҳои шоир достонҳо пардохтаанд. Як афсонаи ӯро дилдодаи духтае нишон медиҳад – номаш Шохи набот- ва мегуяд ки аз ғайб дар хилвати як руъё шоири ҷавон навмедро ба давлати васли ӯ навмед додаанд.

Аз Ҳофиз акнун ба ҷуз девоне дар даст нест. Агар ҳошияе бар Кашшоф ё Мисбоҳи Матарзи навишта бошад зоҳиран аз байн рафта аст. Девонаш ҳам бино бар машҳур баъд аз вафоти шоир ҷамъ шуда аст ва гуё яке аз ёронаш – бо номи Муҳаммади Гуландом – ҷомеъи он буда аст. Дар ин девон албатта ҳам қасидаҳо ва қитъаҳо ҳаст, ҳам рубоиёт ва маснавиёт. Аммо бештари он ғазалиёт аст. Шеъри араби, шеъри муламмаъ ва ҳатто байтҳое ба лаҳҷаи Шерози қадим низ дар байни онҳо ҳаст. Қасидаҳои ӯ панҷ шаш тое беш нест ва дар тайи онҳо подшоҳон ва номоварон асри худро сутуда аст. Шеваи ӯ дар ин қасидаҳо махсусан ёдовари шеваи Заҳири Форёби ва Камоли Исфаҳони аст. Қитъаҳо ҳам бештар модаи таърих аст ва гоҳ интиқод ё насиҳат. Чунонки рубоиёт низ ғолибан ба ҳамон шеваи рубоиёни Хайём аст: Бо ҳамон мазомин ва ҳамон лутфи баён. Ҳофиз дар тайи чанд қитъаи кутоҳи маснави ки дорад тамрини хубе дар татаббуъи сабки Низоми карда аст. Ҳам дар Соқинома ва ҳам дар ончи хитоб ба “оҳуи ваҳши” дорад лаҳни пуршукуҳи Низоми бо баёни шухи ва ширини Саъди ҷилват ёфта аст. Бо ин ҳама ончи мояи шуҳрат ва мазияти ӯст ғазал аст. Ҳофиз шоири ғазал аст ва аз ҳаминрӯст ки қасидаҳои ӯ ғолибан фаромуш мешавад ва касе дар онҳо ба чашми аҳамият наменигарад. Аммо ғазалаш шеъре аст латифу соф, тарошхурда ва ҷалоёфта, ки дар он гоҳ авзоъи замона мунъакис аст ва гоҳ аҳволи саргузашти шоир. Агар чи вай дар ин ашъор Саъди ва Хоҷуро устоду сармашқи хеш хонда аст, аммо касе ки бо ғазали форси ошонои дуруст дорад медоанд ки худи ӯ тарҳи наве дар сухан андохта аст. Мисли як устоди мунбаткор дар ҳар байти хеш, ҳар зебоиро ки дар дастраст ёфта аст дар ҳам пайваста аст. Бо ин ҳама шеъраш низ аз шуру ҳаяҷоне ки ғолибан дар ингуна ашъор фидо мешавад чизеро аз даст надода аст. Дар айни ҳол ҳам муносибаи вазн ва оҳанги ғазалҳояш ҳисобшуда аст, ҳам таносуби маъони ва афкори онҳо. Ва инҳост ончи ғазали ӯро аз рамзу ибҳом ва аз лутфу равшани оганда аст.

Шеъри Ҳофиз сурудаи ишқ ва бехуди аст ва шоир ҷуз бо ишқ ва бехуди наметавонда андуҳи замонаро ки дар фасоду гуноҳу дуруғ ғута мехурад фаромуш кунад. Дунёи ӯ мисли дунёи Хайём аст: Бесубот ва доим дар ҳоли вайрони. Не дар табассуми гул нишони вафо ҳаст не дар нолаи булбул оҳанги умед, инсон ҳам бар лаби баҳри фаност ва то чашм бар ҳам зада аст даруни варта меафтад. Дар чунин дунёе ки умеду шақоват ба дасти ҷавру фитна табоҳ мешавад кадом рафиқе ҳаст ки беҳтар аз сарроҳи соқи бо инсон як рӯ ва якдил бошад? Аз ин рӯст ки шоир барои фаромуши, барои раҳои ва барои осудаги ба соқи руй меоаварад. Дар гиру дори андешаҳои ҷонкоҳ аз худ мегурезад ва мекушад то ончиро дар вуҷуди ӯ мояи дилнигарони аст, мисли як бори гарон бо як занҷири сангин, ба канор афканад ва ҳачун Абунавос ва Хайём даруд андуҳи бепоёни худро дар амвоҷи ҷом фуру шуяд.

Ин аст Ҳофиз ки андеша ва эҳсоси ӯ дар хури шеъри асри мост, дар хури шеъри ҳар аср аст. Мисли як файласуфи рузгори мо арзиши ақлу илмро ба мизони нақд месанҷад ва ҳамчун як орифи дилогоҳи имрӯзи қадри ишроқу шуҳудро ба дурусти дарк мекунад. Ба зоҳири риёкор нешхади риндона мезанад. Дар ҳамон ҳол ки бо ашк ва дуои нима шаб сару кор дорад лабханди шакку нигоҳи ҳайрат чеҳраи хоболудаашро тарк намекунад. Мисли Хайём дар ҳар қадам нишонае аз фано ва заволи ҷаҳон мебинад ва мисли Ҷалолуддини Балхи дар ҳар наво таронае аз дунёи ҷон мешунавад. Парешони ва нобасомони як даврони хунини гуноҳолуди умеду нишоти ӯро суст мекунад. Дар инзиво ва узлате ки дар ин гирудори фасод ва бедод ба даст меоварад фурсут андеша пайдо мекунад ва сукуни хотире ки ҳатто фақат маргро ночиз мешуморад руҳи афсурдаи ӯро дар ин хилват инзиво ва равшан медорад. Дил ба ишқ месупорад ва бо табъе ки аз нафси фариштагон ҳам малул мешавад барои хотири ишқ, қолу мақоли илмиро таҳмил мекунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст