Рӯзе буду рӯзгоре буд. Як марди гадо буд, Мирзогадо ном дошт. Ӯ ба гадоӣ одат карда буд ва ҳеҷ вақт тан ба кор намедод. Чаро гадоӣ мекард? Охир ӯ вақте писараки даҳсола буд, шогирди оҳангар буд ва рӯзе даҳ сум музд мегирифт. Номаш ҳам Мирзоҷон буд.

Як рӯз Мирзоҷон кӯзаро бардошту барои овардани об рафт.

Кӯза дар миёни роҳ аз дасташ афтоду шикаст. Мирзоҷон тарсид, ки агар дасти холӣ ба оҳангархона баргардад усто ӯро сарзаниш мекунад. бино бар ин ҳамонҷо дар канори кӯча нишасту гиря кардан гирифт.

Пирамарде, ки аз роҳ мегузашт дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт ва ба ӯ як сум доду гуфт: Бачаҷон гиря накун! Писарак гуфт: Бубахшед. Ман гадо нестам. Кӯза ҳам аз оҳангар аст. Пирамард гуфт: Хуб, айбе надорад. Ту бо ин пул як кӯза бихар, ки устои оҳангар туро даъво накунад. Нархи кӯза ҳам як сум аст. Пирамард пулро доду рафт.

Писарак ҳанӯз нишаста буд, ки як пиразан омад ва кӯзаи шикастаро дид. Ӯ ҳам дираш сӯхт ва як сум доду гуфт: Писарам бирав як кӯзаи нав бихар.

Ҳоло писарак пули ду кӯза дошт, вале як каси дигар омад ва ба ӯ ҳам як сум ва ҳам як тика нон дод. Ҳамин тавр дигарон ҳам, ки аз пеши ӯ мегузаштанд ба ӯ кӯмак мекарданд.

Писарак дид аз субҳ то шаб дар дукони оҳангарӣ кор мекунад ва даҳ сум мегирад, вале ин ҷо дар муддати як соате, ки нишаста аст бист сум ба даст оварда аст. Дар ин ҷо дигар устои бадахлоқ ҳам нест.

Нисфи рӯз шуда буд, ки зани ҳамсояи обанбор ҳам аз хонааш берун омад ва кӯзаи шикастаро дид. Баргашт ва аз хонааш як кӯзаи нав овард ва писарак доду гуфт: Бархезу кӯзаро пури об кун ва ба сари корат бирав. Ҳар миқдор, ки ин ҷо бишинӣ фоида надорад. Писарак гуфт: Охир дер шудааст ва устои оҳангар маро даъво мекунад. Зани ҳамсоя гуфт: Ман меоям ва ба усто мефаҳмонам.

Ҳамроҳи Мирзоҷон омад ва ба устои оҳангар гуфт: Устоҷон! Ин бача гуноҳе надорад. Навбат дар обанбор зиёд буд. Кӯзаҳои зиёде ҳам мешиканад. Ин дафъа ӯро даъво накун. Баъд аз ин бештар диққат мекунад. Усто гуфт: Майлаш. Аммо вақте зан рафт, устои оҳангар ба Мирзоҷон гуфт: Бубин писар! Вақте кӯза шикаст бояд зуд бармегаштӣ ва мегуфтӣ, ки кӯза шикаст, на ин ки аз ман бадгӯӣ кунӣ ва аз мардум кӯза гадоӣ кунӣ. Ман шогирде, ки обрӯи маро мебарад намехоҳам. Аз ҳамин ҳоло даҳ сум муздатро бигиру аз ин ҷо бирав. Агар гадо набудӣ чизе аз мардум намегирифтӣ.

Писарак дид, ки дигар наметавонад сухане бигӯяд, бист суме ҳам, ки мардум дода буданд дар кисааш ҳаст, аз оҳангархона берун омад ва каме дар канори кӯча истоду фикр кард. Бо худ гуфт: Аввал биравам он кӯзаи шикастаро ҷамъ кунам, ки пеши хонаи он зан тоза шавад. Омад ва кӯзаи шикастаро ҷамъ кард ва дид агар ба хона биравад моиндараш ҳам ӯро даъвао мекунад, ки чаро бекор шудӣ. Ба кӯчаи дигар рафт ва кӯзаи шикастаро канори девор гузошт ва пеши он нишаст ва гуфт: Як фол бигирам. Бубинам бояд ба хона биравам ё не.

Рӯи замин худ чанд то хат кашид ва гуфт: Номи якеро хуб ва дигареро бад мегузорам. Агар бо хуб тамом шуд меравам, вале агар бо бад тамом шуд сабр мекунам. Фоли хубу бад гирифт. Дид бад аст. Гуфт: Сабр мекунам, то бубинам чӣ мешавад.

Нишаста буд, ки як мард омад ва пурсид: Кӯза аз чӣ касе буд, ки шикаст. Гуфт: Аз устои оҳангар буд. Рафтам, ки об биёрам шикаст. Он мард ҳам ба ӯ як сум дод ва гуфт: Ҳоло бирав як кӯзаи нав бихар.

Он рӯз шаб шуд. Ва Мирзоҷон бо тарс ба хона рафт ва аз бекор шуданаш чизе нагуфт. Фардо ҳам суроғи кӯзаи шикаста рафт. Бо ин тартиб ба гадоӣ одат кард.

Мардум ӯро гадо карданд. Ҳеҷ кас ба хотири савоб ба ӯ савод ёд надод, ки босавод ва бошахсият шавад, вале барои савоб ба ӯ як сумӣ медоданд ва ӯро муфтхӯр карданд, ки гадоӣ кунад ва гадо шавад.

Ҳуши одам ҳам дар ҳар роҳе, ки биафтад дар ҳамон роҳ пеш меравад. Яке санъатгар мешавад ва ихтироъ мекунад, яке дар гадоӣ ҳиласозӣ мекунад. кӯдаки кӯзашикан кам-кам ёд гирифт, ки ҳар чӣ бештар фақир ва бечора ба назар биёяд мардум бештар кӯмак мекунанд, то бечора ва гадо бимонад.

Ҳар рӯз ҳилае кард, то бештар бадбахтар ба назар биёяд. Дасту пояшро чулоқ кард, либосҳояшро хоколуд кард, беҳуш шуд ва ҳазор найранги дигар кард, то пули бештар аз мардум бигирад. Пас аҷаб набуд, ки солҳои сол гадо монд ва тан ба кор намедод. Аз ин хел зиндагӣ хушаш омада буд. Мирзоҷон шуда буд Мирзогадо. Ин гузаштаи Мирзогадо буд.

Аммо ҳодисае рух дод ва Мирзогадо ба усто Мирзо тағйир кард. Дар қисмати баъд онро мехонем.

Мирзогадо баъд аз чандин сол дар шаҳри худаш гадои кард ба фикри сафар афтод. Аз ин деҳ ба он деҳ, аз ин шаҳр ба он шаҳр. Ва он рӯзҳо шаҳри Нишопур хеле пурҷамъият ва маъруф буд. Мисли Бағдод ва Балх ки машҳур буд. Гадоали дар роҳи гадои кард ва дар шаҳрҳо гардиш кард то расид ба Нишопур.

Дами дарвозаи Нишопур дарвозабон аз ӯ пурсид: “Кисти ва чи кораи ва аз куҷо омадаи ва чи қадар пул дорӣ?”

Ҷавоб дод: Ҳечи, исми ман Гадоали аст ва аз Абарқу омадам ва фақирам ва бадбахтам ва каме ҳам пул дорам.”

Дарвозабон пурсид? “Ҳеҷ коре балад нести?”

Гуфт: “Чаро каме оҳангари баладам.”

Дарвозабон гуфт: “Бисёр хуб, метавони ворид шави вале мувозиб бош дар Нишопур гадои накуни чун мардум намехоҳанд гадо дошта бошанд ва гадои харидор надорад.”

Гадо гуфт: “Бисёр хуб” вале бовар накард. Дар кучае ки мерафт дами дукони нонвое дасташро дароз кард ва гуфт: “Худо умратон диҳад, як тикка нон ба ман фақир бидиҳед.”

Нонво гуфт: “Худо ба шумо ҳам умр бидиҳад. Ин ивази он. Аммо маълум мешавад ки ғариби ва намедони дар ин шаҳр гадои мамнуъ.”

Гадоали гуфт: “Мамнуъ яъне чи? Вақте касе гурусна аст чи кунад.” Нонво гуфт: “Агар касе гурусна аст ва нон надорад бояд ба ноҳорхонаи маҳалла муроҷиа кунад то ба ӯ як ваъда хурок бидиҳанд.”

Гудоали нишони ноҳорхонаро гирифт ва рафт онҷо гуфт: “Ғарибам ва нон надорам.”

Ӯро бозраси карданд ва гуфтанд: “Нон надори ин пулҳоро ки дорӣ, ҳоло бирав ин пулҳоро ки дори бихур ва баъд ба корхонаи маҳалла муроҷиа кун то ба ту кор бидиҳанд. Инҷо нони муфт ба касе намедиҳанд, ноҳорхона ҳам моли касе аст ки пули як ваъда хурокро надорад.”

Гадо гуфт: “Балки касе бемор бошад ва натавонад кор кунад.”

Гуфтанд: “Он вақт бояд ба беморхонаи маҳалли муроҷиа кунад то муолиҷааш кунанд ва агар муолиҷа нашуд ӯро ба навохонаи маҳалла бифиристанд.”

Гадоали дармонад шуд ва бо худ гуфт: “Инҳо ҳарф аст, меравам ва аз мардум гадои мекунам.”

То чанд рӯзи дигар дар шаҳр гардиш кард ва ҳарчи дошт хурд вале натавонист аз касе чизе бигирад. Ҳарҷо дуо мекард мардум мегуфтанд: “Агар дуо балади барои худат бикун, мо ҳам дуо баладем, Худо ба худат умр бидиҳад, Худо худатро ёри кунад, Худо падару модар худатро ҳам раҳмат кунад.” Мегуфт: “Шаби ҷумъа аст. Шаби аввали моҳ аст.”

Мегуфтанд: “Шаби аввали моҳ то шаби охири моҳ ҳамаи шабҳо шаб аст. Шаби ҷумъа ҳам моли ту танҳо нест, ки биёвари бифурушӣ, моли ҳама аст, ҷумъа ҳам моли касе аст ки шаш рӯзи ҳафтаро кор карда бошад.”

Нафрин мекард, мегуфтанд: “Мо ҳам нафрин баладем вале нафрин кардан навъе мизоҳат аст ва мизоҳат ҳам ҷарима дорад.” Мегуфт: “Гуруснаам.”

Мегуфтанд: “Ноҳорхона”,

Мегуфт: “Беморам” мегуфтанд “шуъбаи корхона.”

Гадоали ҳар коре балад буд ба кор зад вале ҳеҷ кас ба ӯ чизе намедод.

Яке рӯз дар як кӯча як гадои дигарро дид ва хушҳол шуд. Пеш рафт ва пурсид: “Бародар, ту дар ин шаҳр чигуна гадои мекуни? Ман ки хайре аз ин мардум намебинам!”

Гадои Нишопури гуфт: “Мардуми ин шаҳр хайрашонро гузоштаанд барои касоне ки кор мекунанд ва агар касе ҳам беҷиҳат ба гадои чизе бидиҳад аз тарафи ҳоким ҷарима мешавад. Дар ин шаҳр гадои мамнуъ аст, гадосози ва гадопарвари ҳам мамнуъ аст.”

Гадоали пурсид: “Пас ту чаро гадои мекунӣ?”

Нишопури гуфт: “Ман гадо нестам, ман корманди бозрасхона ҳастам, бо либоси авази дар куча роҳ меравам ва агар касе чизе ба ман бидиҳад бо ҳукме ки дорам ӯро ба адолатхона мебарам ва ба ҷурми гадосози ва гадопарвари ҷаримааш мекунанд.”

Гадоали гуфт: “Аҷаб шаҳри чаранде аст ин шарҳ, пас вақте мардум мехоҳанд савоб кунанд ва садақа бидиҳанд чи мекунанд? Оё раҳм ва мурувват гуноҳ аст?”

Нишопури гуфт: “На, раҳм ва мурувват хеле ҳам хуб аст вале ҳар кас мехоҳад савоб ва садақа бидиҳад пулашро ба сандуқи ниёзхона мерезад он пулҳо ҷамъ мешавад ва дар ноҳорхона ва навохона барои афроди алил ва нотавон харҷ мешавад. Одами солим ҳам бояд кор кунад. Дар ҳар маҳалла як шуъбаи корхона ҳаст, ки корҳоро миёни бекорон тақсим мекунад.”

Гадоали гуфт: “Хеле мамнун, пас бо ин тартиб дар ин шаҳр чорае ҷуз кор кардан нест ва аз гадои нон муфт дар намеояд.”

Нишопури гуфт: “На ки дар намеояд балки худашро нишон ҳам намедиҳад.”

Гадоали рафт қадре фикр кард ва фардо як сатл ба дасташ гирифт ва бо худ гуфт: “Меравам дар кучаҳо мегардам ва бо ин сатл ҳеҷ кас фикр намекунад гадо бошам. Он вақт дар кучаҳои хилват ҳам гадои мекунам. Агар ҳам касе гуфт биё об ҳавз бикаш мегуям поям дард мекунад ва худамро ба муш мурдаги мезанам. Охир мардум раҳм ҳам доранд, занҳо ҳам беҳтар аз мардҳо ҳастанд, ҳамин ки бигуӣ ой хонумҳо, ой хонумҳо, барои саломатии баччаатон, ман ноҳор нахурдаам дигар дуруст мешавад...”

Гадоали кучаҳои пур рафту омадро гузошт ва рафт дохили як кучаи бун баст ва аз сари куча дод кашид: “Оби ҳавзе, оби ҳавз мекашем, хокруба мебарем, фарш метаконем, ой оби ҳавзе” ва вақте ба охирҳои куча расид шуруъ кард: “Ой хонумҳо, ой хонумҳо...”

Миёнаи куча як нафар аз хона берун омад ва гуфт: “Оҳой чи хабар аст мардумро нороҳат мекуни, магар намедони дар инҷо дод кашидан мамнуъ аст? Ин кор як навъ музоҳимат аст ва агар маъмури бозрасхона бубинад, туро ба адолатхона мебарад. Ҳоло ман одами хубе ҳастам коре ба корат надорам вале мувозиб бош дар кучаҳо дод назани, мардум дохили хонаашон мехоҳанд осуда бошанд.”

Гадоали гуфт: “Эй мард, пас туро ба Худо ҳоло ки одами хубе ҳасти ба ман ёд бидеҳ ки чи кор бикунам, ман ғарибам ва намедонам дар ин шаҳр чи кор бояд бикунам: Ҳоло ки оби ҳавзе бад аст оё чубакфуруши озод аст?”

Соҳибхона гуфт: “Бале, хариду фуруши ҳар чизе ки зараре барои касе надошта бошад озод аст аммо дар Нишопур доду фарёд мамнуъ аст, агар бихоҳи чу бак бифуруши бояд як ҷо биншини ва бесадо бифуруши. Мардум ҳамонтавре ки гуш доранд чашм ҳам доранд, агар касе чубак бихоҳад меояд аз сари куча мебинад ва мехарад, агар ҳам намехоҳад бояд сару гушаш осуда бошад.”

Гадоали гуфт: “Ба чашм, вале як саволи дигар: Пас оби ҳавзро дар ин шаҳр чи касе мекашад?”

Соҳибхона гуфт: “Об ҳавзро аз шуъбаи кори маҳалла мефиристанд мекушанд, ҳамон тавре ки хокрубаро ҷамъ мекунанд, фарш такони  ҳам дукон дорад, харидани либос – шалваор – полту ҳам ҷои маълум дорад. Дод кашидан дохили кучаҳо дигар қадими шуда аст ин корҳо амали аҳди буқ буд.”

Гадоали гуфт: ”Хуб, нони хушкҳоро чи мекунанд, оё туи хокруба мерезанд?”

Соҳибхона гуфт: “Не, дохили хокруба намерезанд, инҷо ҳамаи чиз ҳисоб дорад, нони хушкҳоро ҷамъ мекунанд ва ҳафтае як рӯз аз тарафи мурғдорхонаи маҳалла меоянд онҳоро мехаранд ва пулашро дар сандуқи ниёзхона мерезанд ва мераванд. Сари ҳар куча як сандуқ ниёзхона ҳаст мисли сандуқи пуст ва чун ин тавр аст дигар нони хушкҳо ҳам ба дукони нонвое бармегарданд ва нони тақаллуби намешавад!”

Гадоали гуфт: “Хеле хуб, вале агар касе мисли ман ғариб бошад ва нон надошта бошад ва кирояи мусофирхона ҳам надошта бошад чи кор кунад?”

Соҳибхона гуфт: “Рӯзи аввал дар ноҳорхона хурок мехурад, шаби аввал дар ғарибахонаи маҳалла мехобад ва рӯзи баъд ҳам кор мекунад ва пул дорад, хулоса дар ин шаҳр маҳалле барои гадои нест, иллаташ ҳам ин аст ки мардум намехоҳанд гадо бисозанд.”

Гадоали гуфт: “Фаҳмидам, ҳамаи фикрҳоро кардаанд: Наҳорхона, беморхона, мурғдорхона, навохона, ниёзхона, бозрасхона, корхона, ғарибахона .... вақте мардум намехоҳанд гадо бисозанд ва гадо парвариш бидиҳанд кор тамом аст аввалаш ҳам худи мрадум буданд, ки маро гадо карданд, ман гадо набудам, шогирди оҳангар будам ва исмам ҳам Мирзохуҷа буд, Гадоали набуд, мардум барои инки хуадшон савоб кунанд маро гадо каранд, Худо залилашон кунад.”

Гадоали дигар чизе барои хурдан надошт. Фардо субҳ ба беморхонаи маҳалла муроҷиа кард ва гуфт: “Бемору фақирам.” Ҳанӯз намехост тан ба кор бидиҳад. Ӯро муоина карданд ва гуфтанд: “Бемор нести, агар фақири бояд ба шуъбаи кори маҳалла муроҷиа куни.”

Ҳеҷ чора набуд. Ба корхона муроҷиа кард. Як ҷору ва як ғербол ба дасташ доданд ва гуфтанд: “Бирав кучаи шумораи ҳаштумро ҷору кун ва хокашро дар хокдон ва ошғолашро дар заболадон бирез ва ҳар вақт тамом шуд биё муздатро бигир.”

Гадоали рафт ва ҳамин корро кард ва муздашро гирифт ва пас аз чандин сол гадои лаззати кор кардан ва азиз буданро чашид. Рӯзи баъд созмони кори маҳалла ӯро ба оби ҳавзкаши дари хонаҳои шумораи 11 ва 17 кучаи 21 фиристод, пас фардо ӯро ба шустани девори санги оромгоҳи шайх Аттор фиристоданд.

Шаб ба рафиқаш дар мусофирхона гуфт: “Имрӯз девори бузургзодаеро мешустам.”

Рафиқаш гуфт: “Онҷо девори бузургзода набуд, девори оромгоҳи шайз Аттор буд, ҳамон касе ки мардум ӯро дарвеш ва тораки дунё медонанд, аммо беш аз ҳама кор мекард ва дари дорухонааш садҳо нафарро дармон мекард.”

Гадоали гуфт: “Ба ҳар ҳол ман имрӯз дар ин бузургзода бо худ аҳд кардам ки дигар ҳаргиз гадои накунам, дигар намехоҳам исмам Гадоали бошад, мехоҳам дубора бишавам Мирзохуҷа.”

Мирзохуҷа кам кам дид аз ин корҳои рузона дилаш рози немешавад ва мехоҳанд шахсияти бештаре дошат бошад. Як рӯз ба раиси кори маҳалла гуфт:

“Ман оҳангарам.”

Гуфтанд: “Чи аз ин беҳтар.”

Ӯро ба коргоҳи оҳангари фиристоданд, ки наъли асб месохт ва Мирзохуҷа ҳам дубора шуд як коргари обруманд.

Дар ин коргоҳ ҳам як шогирди хурдсол доштанд ки ҳар вақт об мехостанд мерафт бо куза аз обанбор об меовард ва Мирзохуҷа ҳамеша ба ӯ суфориш мекард: “Баччаҷон, хеле диққат кун кузаро нашикани, аммо агар ҳам шикаст ҳеҷ нороҳат набош, куза фидои сарат. Зуд баргард яке дигар мехарем, аммо кузаи шикаста ҳеҷ вақт пойи он сабр накун, зуд шикастаҳояшро ҷамъ кун дар зуболадон бирез ва аз онҷо фирор кун, фирор кун....”

Ҳамкоронаш гуфтанд: “Мирзохуҷа, ту хеле барои куза суфориш мекуни!” Мирзохуҷа мегуфт: “Ман як чизе медонам ки аз кузаи шикаста бадам меояд.”

Муддате Мирзохуҷа дар коргоҳ кор мекардам ва ҳамкорони ӯро устоди Мирзохуҷа садо мекарданд, чанде баъд ӯро ҳамроҳи чанд нафар аз коргарон ба шаҳри Сабзавор фиристоданд то асбҳои ҳокими Сабзаворро наъл кунанд.

Дар Сабзавор касе ӯро дар либоси кор дид ва хиёл кард гадост. Даст дар ҷеб кард ва як сикка пул пеши ӯ дароз кард.

Усто Мирзо оҳангар гуфт: “Ин чист?”

Одами хуб гуфт: “Пул аст, магар фақир нести?”

Усто Мирзо гуфт: “Фақир худати, ман муддатҳост дигар фақир нестам, коргарам ва бо иззату эҳтиром зиндаги мекунам, ту ҳоло дубора мехоҳаи гадо бисози? Ҳайф ки дар Нишопур нести вагарна туро ба адолатхона мебурдам то ҷаримаат кунанд.”

Одами хуб гуфт: “Чаро дигар ҷарима?”

Усто Мирзо гуфт: “Барои инки мардуми Нишопур намехоҳанд гадо бисозанд ва чун мардум намехоҳанд гадо дошта бошанд ҳокими Нишопур ҳам метавонад ба осони гадоиро илоҷ кунад.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст