Please update your Flash Player to view content.

Бандаги кун то ки султонат кунанд

Тан раҳо кун то ҳама ҷонат кунанд

Хуи ҳайвони сазовори ту нест

Тарки ин ху кун ки инсонат кунанд

Чун надори дард, дармон ҳам махоҳ

Дард пайдо кун ки дармонат кунанд

Бандаи Шайтону дори умед

Ки ситоиш ҳамчун Яздонат кунанд

Сӯи ҳақ норафта чун дори тамаъ?

Ҳамсари Мусабни Имронат кунанд

Шукру таслими Сулаймонит ку?

Эй ки мехоҳи Сулаймонат кунанд

Аз чаҳи шаҳват, қадам берун гузор

То азизи Мисру Канъонат кунанд

Бигзар аз фарзанду молу ҷони хеш

То Халилуллоҳи давронат кунанд

Сар бинеҳ дар каф буру дар кӯи дуст

То чу Исмоил қурбонат кунанд

Дар залолат мондаи чун Сомири

Орзӯ дори ки Луқмонат кунанд

Чашми лоҳути агар дори биё

То ба базми қурб меҳмонат кунанд

Чун Алӣ дар олами мардонагӣ

Фард шав то шоҳи мардонат кунанд

Ҳамчу Салмон дар мусулмони бикуш

Эй мусулмон то ки Салмонат кунанд

То тавони дар гулистони ҷаҳон

Хор шав то гул ба домонат кунанд

Ҳамчу хок афтодаги кун пеш аз он

Ки ба зери хок пинҳонат кунанд

Хондаи гар ту юҳиббуссобирин

Сабр кун то аз муҳиббонат кунанд

Бо ятимон меҳрубони пеша кун

То пас аз ту бо ятимонат кунанд

Ҳамчу Зокир зикри ҳақ кун рӯзу шаб

То магар аз аҳли имонат кунанд

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти