Please update your Flash Player to view content.

 

Малико зикри ту гуям ки ту покиву Худои

Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ ки туам роҳнамоӣ

Ҳама даргоҳи ту ҷуям ҳама аз фазли ту пуям

Ҳама тавҳиди ту гуям ки ба тавҳид сазоӣ

Ту зану ҷуфт надори ту хуру хуфт надори

Аҳаде бе зану ҷуфти малики комравои

На ниёзат ба вилодат не ба фарзанд ҳоҷат

Ту ҷалилул ҷабарути ту насирул умарои

Ту ҳакими ту азими ту карими ту раҳими

Ту намояндаи фазли ту сазовори санои

Бари аз ранҷу гудози бари аз дарду ниёзи

Бари аз биму умеди бари аз чуну чарои

Бари аз хурдану хуфтан бари аз ширку шабеҳи

Бари аз сурату ранги бари аз айбу хатои

Натавон васфи ту гуфтан ки ту дар фаҳм нагунҷи

Натавон шебҳи ту гуфтан ки ту дар ваҳм наёи

Набуд ин халқу ту буди набувад халқу ту боши

На биҷунби на бигарди на бикоҳи на фазои

Ҳама иззу ҷалоли ҳама илму яқини

Ҳама нуру сурури ҳама ҷуду ҷазои

Ҳама ғайбе ту бидони ҳама айбе ту бипуши

Ҳама беше ту бикоҳи ҳама камми ту фазои

Аҳадун лайса камислиҳ садамун лайса лаҳу зид

Лиманилмулк ту гуи ки мар онро ту сазои

Лабу дадони Санои ҳама тавҳиди ту гуяд

Магар аз оташи дузах бувадаш руй раҳои

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти