Please update your Flash Player to view content.


Дар мавриди инки чи касоне зиёнкортарин инсонҳо ҳастанд, Қуръон мефармояд:
قُلْ هَلْ نُنَبِّئُکُم بِالْأَخْسَرِینَ أَعْمَالاً الَّذينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَياةِ الدُّنْيا وَ هُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعا
“Бигу: (Мехоҳед) шуморо аз зиёнкортарин мардум бо хабар кунам? Онҳо касонеанд, ки тамоми саъй ва талошашон дар зиндагии дунё ба ҳадар рафта бо ин ҳол хиёл мекунанд кори хубе анҷом медиҳанд.”
Ин оят аз касоне хабар медиҳад, ки дар амал аз ҳар зиёкоре зиёнкоранд ва онҳо касоне ҳастанд, ки дар зиндагии дунё ҳам аз амали худ баҳра нагирифтанд; чун “зилоли саъй” ҳамон хусрон ва бенатиҷаги амал аст  ва чун инҳо илова бар ғафлат аз зарар, онро суд ҳам талаққи мекунанд аз инру ба зиёнкортарини афрод лақаб гирифтаанд.
Хусрон ва хисорат дар касбу корҳое сурат мегирад, ки ба манзури суд анҷом мешавад ва вақте хусрон таҳаққуқ меёбад, ки косиб ба ҳадафе, ки аз талоши худ дошта, нарасад; балки миқдоре аз сармоя ҳам нобуд шавад ва ё ҳадди ақал манфиате насиби ӯ нагардад дар натиҷа саъяш бенатиҷа шавад ва ин ҳамон аст, ки ояти шарифаро зилоли саъй хонда аст.
Агар касе зарар кард ва фаҳмид зарар карда аст ба фикри чора афтод ва саъй мекуанд, ки ҷуброн кунад; аммо бечора касе ки зарар мекунад ва гумон мекунад, ки дорад суд мебарад. Чунин касе чун умед ба бозгашт ва чубронаш нест пас дар ҳақиқат зиёнкортар аз ӯ ҳам касе пайдо намешавад.
Онгоҳ дар ду ояти баъд решаи инро ингуна баён мекунад:
Онҳо касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон кофир шуданд ва дидор (қиёмат ва муҳосибаи аъмол)ро ба василаи ӯ мункир шудан ва оёти ману паёмбаронамро ба боди масхара гирифтаанд.


Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти