Дар ҳадисе омада аст, ки паёмбаре дар масҷид розу ниёз бо Худо мекард ва мегуфт:

“Худовандо! Мехоҳам, ки Шайтонро ба сурати воқеии худаш ба ман нишон диҳӣ.”

Фармон расид аз масҷид берун бирав.

Он паёмбар аз масҷид берун омад, Иблисро дид, ки бар дари масҷид истода аст; дар ҳоле, ки парчаме дар даст ва табле бар гардан ва тире дар миён дорад, паёмбар гуфт:

“Эй малъун инҳо чист?”

Гуфт: Эй паёмбари Худо ман ҳар рӯз бадин сифат дари масҷидҳо меравам ва яке аз ёрони худро ба даруни масҷид мефиристам то чун мардум саломи намоз диҳанд васваса дар дили онҳо бияфкананд.

Мар бар табли худ мекубам ва се мартаба ба овози баланд нидо медиҳам, нидои аввалам ин аст ки “аттамаъ аттамаъ” чун ин нидо ба гуши ҷамъе аз мардуми тамаъкор расад, дар соати рӯз аз намоз бигардонанд ва дар дил бигузаронанд, ки агар инҷо истанд, аз фалон кор ва фалон доду ситад боз мемонем.

Пас зуд берн меоянд, ба зери парчами ман ҷамъ мешаванд ва чун ба дами марг расанд, аз ин тири заҳролуд бар қалбашон мезанам то дар шакку шубҳа бияфтанд ва беимон ва тавба аз дунё бираванд.

Ва боз Шайтон лаъин гуфт:

Нидои дуввуми ман он аст ки “алҳир алҳирс” пас ҳар ки дар дил, ҳирси дунё дошта бошад бо худ гуяд, ки агар дар масҷид истад дигарон хариду фуруш кунанд ва фоидае баранд ва ман аз он суде накунам, пас зуд аз масҷид берун оянд, дар зери парчами ман ҷамъ шаванд.

Ва нидои севвуми ман он аст ки “наистед наистед” чун ин садо ба гуши халқон расид, бахилон дар дили худ бигузаронанд, ки агар каме истем, мабодо ки дар ин масҷид фақире дарояд ва аз мо чизе бихоҳад, пас аз ин васваса зудтар аз ҷои намоз мехезанд ва аз масҷид берун мераванд, дар зери парчами ман дароянд ва ман ба онҳо мегуям, хуш омадед ки шумо аз ёрони моед.

Ва онҳо ки дар ҷойнамози худ нишастаанд ва зикрҳои намоз мегуянд, аз бандагони хосси Худо бошанд, ки Худованд дар Қуръон дар ин маврид фармуда:

«إِنَّ عِبادی لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطان.»1

2