Намояндаи Тоҷикистон дар созмони Конфронси Исломӣ Қуръон сӯзии кашиши Амрикоиро маҳкум кард.

Сироҷуддин Авеслу намояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон, ки раёсати давраи созмони Конфронси Исломиро бар ӯҳда дорад, гуфт: якуним милиард мусалмон дар саросари ҷаҳон ин иқдоми тавҳиномезро ба шиддат маҳкум кардаанд ва аз Созмони Милали Муттаҳид мехоҳанд дар муқобили ин тавҳини ошкор мавзеъгирӣ кунад.

Сафири Покистон назди СММ, ки кишвараш раёсати кумитаи ҳуқуқи башари созмони Конфронси Исломиро бар ӯҳдадор аст низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: оё омилони сӯзонидани Қуръон ҳеҷ, бахше аз ин китоби осмонӣ ва омӯзаҳои сулҳҷуёнаи онро хондаанд?

Абдуллоҳ Ҳасан Ҳорун афзуд: ҷои таасуф аст, ки ин иқдоми зидди Худоӣ ба номи Худо ва дар Калисо иттифоқ уфтодааст. Сафири Покистон бо ишора ба ин воқеият, ки омӯзаҳои Ислом, дасти мусалмононро дар имкони амали мутақобил дар тавҳини ба китобҳои осмонӣ баста аст, гуфт: ин тавтиа метавонист паёмадҳои ногуворе дошта бошад.

ӯ афзуд: матонати Исломӣ ва эҳтироми мусалмонон ба пайравони адёни Иброҳимӣ, монеъ аз бархурди тунд бо бониёни ин фитна ва вокуниши тунд ва хушунатбор нисбат ба пайравони соири адён шуд. Иқдоме, ки метавонист қурбониёни бисёре дошта бошад.

Сафири Покистон ба намояндаги аз созмони Конфронси Исломӣ, зимни маҳкум кардани ин иқдоми фитнаангез, афзуд: кишварҳои Исломӣ талош карданд эҳсосоти исломии пайравони Қуръонро ба даст бигиранд ва токунун дар ин кор муваффақ будаанд.

Уфуқ Гукҷен намояндаи созмони Конфронси Исломӣ назди СММ низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Исломситезӣ кунуни як навъ иртибот бо сулҳу амнияти ҷаҳонӣ дорад ва созмони Конфронси Исломӣ дар талош аст созмонҳои ҷаҳонӣ монанди Созмони Милали Муттаҳидро барои муқобила бо ин мавҷи вайронгар фаол кунад.

Созмони Конфронси Исломӣ дар қатномае алова бар дабири кулли СММ, аз шурои ҳуқуқи башар дар шаҳри Женеви Швейтсария низ хостааст ин иқдоми шуришомези кашиши Амрикоиро маҳкум кунанд. Қарор аст ҷамъе аз сафирони кишварҳои Исломӣ ҳам дар рӯзҳои оянда бо Бан Ки Мун дабири кулли СММ дар ин бора дидор кунанд.

Манбаъ: www.irinn.ir

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст