Дар ҳадисҳои Паёмбар(с) баданро ба замини киштзоре ташбеҳ фармудаанд ҳамонтавре, ки набояд ба замини кишти зиёд аз ҳадд об расонд чароки боиси харобии дона ва маҳсул мешавад, дар мавриди бадан низ таъбир дар хурокхури зарури аст, чаро ки хурдани зиёд хурок сабаби осеб расидан ба меъда мешавад.

Хуб кор кардани дастгоҳи гувориши бадан иртиботи мустақиме бо наҳваи хурок хурдан дорад. Аз инру Имом Ризо(а) мефармоянд: Ҳар кас хурок зиёд аз андоза бихурад, ин хурок ӯро фоидае намедиҳад ва ҳар кас ба андоза хурад, ин хурок ӯро сер мекунад ва фоидааш мерасонад.

Бинобар нақл аз ҳадиси Паёмбар(с) ончи ба меъда зиёд мерасонад иборат аст аз: Сангинхури ва пурхурӣ, об хурдан дар миёни хурок, як дафъа обро хурдан, нушидани оби хунак ва оби ҷав дар ҳамом, хурдани гушти намак шуда ва хушк шуда, хурдани гушти нопухта, бисёр хурдани тухми мурғ.

Паёмбар (с) мефармоянд: Меъда хонаи ҳамаи дардҳост ва парҳез, решаи ҳамаи дармон аст.

Имом Ризо(а) фармуданд: Ҳар кас мехоҳад меъдааш ӯро озор надиҳад. Миёни хурок хурдан, об нанушад то онро ба поён бирасонад, зеро ки ҳар кас чунин кунад, рутубат (намие) дар баданаш менишинад ва меъдааш заъиф мешавад ва рагҳо наметавонанд нерӯи мавҷуд дар хурокро бигиранд, чи агар пай дар пай об ба маъда рехта шавад, меъад кушод мегардад.

Паёмбар(с) дар ин бора мефармояд: Обро ба оҳистаги бимакед ва онро якбора нанушед зеро ки аз он бемории ҷигар мехезад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст