Please update your Flash Player to view content.

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Паёми раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ба ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон

Фарҳанг маҷмӯае аз умури касби аст, ки дар қолаби ҳунар, адабиёт, одобу русӯм, ҳуқуқ ва соири умури худро нишон медиҳад ва бо рӯҳ ва фитрати фардию ҷамъӣ ва шароити иҷтимоӣ шудани инсон созгораст ва ӯро ба инсони иҷтимоӣ табдил мекунад. Эрони бузург ин сарзамини бостонӣ, фарҳанги тӯлонӣ дорад, ки тавонистааст фарозу фурӯди таърихро тай кунад. Ва дар қолаби афсона ва устӯраҳо, ҳамосаҳо ва оинҳо зуҳури шоиста дошта бошад. Сукунаткунандагони ин сарзамини бузург оинҳо ва одобу русуме доранд, ки бо зиндагии иҷтимоӣ, шеваи маишат ва сукунати онҳо ҳамхонӣ ва ҳамсозӣ шигифте дорад. Оинҳое, ки бархоста аз имони қалбӣ ва боварманди амиқи ин мардум ба яктопарастӣ ва ваҳдоният дорад.

Дар давоми паёми Аҳмадинажод омадааст: имрӯз мардуми Эрон ва Тоҷикистон бо таърих ва фарҳанг, оинҳо ва одобу русум, боварҳо ва эътиқодот ва забон ва ҳамосаҳо ва устураҳои муштарак дар наврӯзи фархунда ба истиқболи ҳафтае мераванд, ки бовар доранд метавонад беш аз пеш ба қаробати ду миллати шариф ва ширинсухани Эрон ва Тоҷикистон кумаки шоистае кунад.

Чаро ки ҳанӯз мардум дар боғҳои нишопӯр бо забони зубда ва сарбуланд дар васфи дониш ва доноӣ, шеъри Рӯдакиро замзама мекунанд ва ё мардуми Хуҷанд дар гӯши кӯдакони худ ба ширинӣ, шеъри Фирдавсии Тӯсиро мехонанд.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба дурахшиши ашъори Носири Хисрав дар катибаҳои эронӣ. Ӯ илова кард: сукунаткунандагони Панҷрӯд ва Варзоб дар истидлолҳои худ ба рубоиёти ҳаким Умари Хаёми Нишопӯрӣ истинод мекунанд ва фардои худро дар оинаи девони Ҳофизи шерозӣ ҷӯтуҷӯ мекунанд.

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Имрӯз мо ду милати бузурги Эрон ва Тоҷикистон рустами асри хешем ва макри сӯдобаҳои замон ва муддаиёни қудрати ҷаҳони дар баробари қудрати фарҳанг ва эътиқоди мо чорае ҷуз ба зону даромадан надорад.

Мо бовар дорем ҳафтаи фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон дар ин аёми фархунда ва зулоле, ки мардум бо поктарин сурат ва сират ба дидори ҳам мераванд ва дар канори обу оина ва Қуръон " ҳаввил ҳолано ило аҳсанил ҳол" мехонанд. Метавонад беш аз пеш моро ба худамон ва ҷаҳониён бишносонад. Зимни ибрози хурсандӣ ва хушҳолӣ аз ин руйдоди хуҷастаи фарҳангӣ, ин ҳафтаи муборакро ба ин ду миллиати шариф ва бузург табрик гуфта ва орзӯи пирӯзӣ ва фардои офтобиро барои ин азизон хосторем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти