Please update your Flash Player to view content.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварамон рӯзи 26-уми март бо даъвати Аҳмадинажод барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ воридиТеҳрон шуд.

Бо даъвати Аҳмадинажод ҳамчунин раҳбарони Афғонистону Покистон ва шуморе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва арабӣ дар маросимҳои наврӯзии Эрон ширкат мекунанд...

Дар ҷараёни ин сафари худ ба Эрон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин вай бо Ҷалоли Толибонӣ, раҳбари Ироқ,  мулоқот мекунад.

дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагон ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Эрон ибтикори баргузории Наврӯзи байналмилалиро пас аз он ба даст гирифт, ки соли гузашта дар моҳи феврал Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард.

Тоҷикон

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти