36-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе 10/4/2019 бо ширкат ва рақобати намояндагони 62 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Ширкаткунандагон дар ин давра аз мусобиқот дар бахшҳои бонувон, бузургсолон, донишомӯзон, нобиноён ва толибилмони динӣ дар риштаҳои ҳифз, қироат, тартил ва поённомаи қуръонӣ ба рақобат мепардозанд.
36-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими ҶИЭ то 14 апрел дар Теҳрон идома дорад.
Инқилоби Исломӣ дар 11 феврали соли 1979 ба раҳбари имом Хумайнӣ ва талошу муҷоҳидати мардуми мусулмони Эрон ба пирӯзӣ расид ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раъйи 98% мардуми Эрон дар интихобот сари кор омад. Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд. 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст