20 Ҷимодиссонӣ - мувофиқ бо 26/2/2019- солрӯзи мелоди бобаракати ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари гиромӣ ва арҷманди ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва ҳазрати Хадиҷаи Кубро(рз) ва ҳамсари ҳазрати Алии Муртазо ва имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало(рз) ва ҳақ рӯзи зан-модар аст. Ин муносибати фархундаро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва махсусан занону модарон ва ҳамсарони муҳтарам табрик ва таҳният мегӯем. Ҳамчунин рӯзи 20 ҷимодиссонӣ солрӯзи мелоди раҳбари инқилоб ва низоми Исломӣ дар Эрон ҳазрати имом Хумайнӣ аз сулолаи ҳазрати Заҳрои Марзия(рз) аст. Ин муносибатро низ табрик ва таҳният мегӯем. Умедворем Худованд моро дар шинохт ва пайравӣ аз роҳу равиши ин бонуи намуна ва ягонаи ҳастӣ муваффақ гардонад.
Имшаб, шаби вилодати Заҳрои атҳар аст
К-аз нури талъаташ ҳама олам мунаввар аст
Хуршед толеъ аст ба домони Мустафо
К-аз мақдамаш ситораи Ислом азҳар аст
Кавсар ато намуд Худо бар Расули хеш
Ал-ҳақ ҷамоли Фотима тафсири Кавсар аст
Марзия асту Розия Заҳрои поки пок
К-ӯро тамоми арсаи ҷаннат мусаххар аст
Ӯ гавҳарест нодира к-аз лутфи Кирдигор
Духти Расули акраму ҳамрози Ҳайдар аст
Моҳи Набиву ёри Алӣ, модари Ҳусайн
Бар ҳар зане, ки аҳли биҳишт аст, сарвар аст
«Шево» хамӯш бош, ки авсофи ин азиз
Аз ҳарчи дар хаёли ту гунҷад фаротар аст
Ҷовид Салоҳӣ (Шево)
2