Please update your Flash Player to view content.
 
 Як рӯзномаи мисрӣ эълом кард, ки Эрони 40 сол пас аз “Инқилоби исломӣ”, аз кишваре сарсупорида ва фармонбардори Ғарб, ба як қудрати асаргузор дар минтақа ва ҷаҳон табдил шудааст.
Рӯзномаи фароминтақаии “Раъй-ал-явм” дар гузорише ба муносибати чиҳилсолагии “Инқилоби Исломии Эрон” навишт: Ёздаҳуми феврали 2019 чиҳил сол аз замони пирӯзии “Инқилоби Исломӣ” дар Эрон мегузарад. Инқилобе, ки ҳодисаи таърихиро рақам зад ва натоиҷу осори он аз марзҳои ҷуғрофиёии Эрон фаротар рафт.
 Инқилоби исломӣ, тағйири бузургеро на танҳо дар дохили Эрон, балки дар ду саҳнаи минтақа ва байналмилалӣ ба вуҷуд овард.
 Инқилоби исломӣ, тағйироти решаиро дар поя ва сохтори низоми Эрон ва шоки бузурге ба бисёре аз қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ворид овард.
 Ҷанги ҳаштсолаи Саддом дар ноком гузоштани инқилоби Эрон муваффақ нашуд, бинобар ин кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ба роҳбурди ҷадиде зидди Эрон рӯй оварданд: эъмоли таҳримҳои шадиди иқтисодӣ зидди Эрон. Масъалае, ки боис шуд Эрон низ ба навбати худ тактикаҳояшро тағйир диҳад, ба гунае ки тасмим гирифт ба худаш такя кунад ва манобеи табиӣ ва инсонии худро барои ба даст овардани худкифоӣ ва посухгӯӣ ба ниёзҳои мардумаш рушд ва тавсеа диҳад.
Роҳбурди Эрон дар муқобила бо таҳримҳои иқтисодӣ, ба роҳбурди баландпарвозонатар мунҷар шуд, ба гунае ки бо ҳадафи тавлиди маҳсулоти санъатӣ бо фановарии пешрафта, бахши аъзами тавонмандиҳои худро ба бахши санъат ихтисос дод ба вижа пас аз он ки таҳримҳои иқтисодӣ боиси ҷилавгирӣ аз вуруди фанновариҳои ғарбӣ ба кишвар шуд тавсеа фанноварӣ дар Эрон бахшҳои густурдаеро шомил шуд.
Масъалае, ки боис шуд ба баландпарвозиҳояш дар заминаи моҳвора ва фазо низ чашм бидӯзад, ҳамонтавр ки бахшҳои тавлидоти муҳандисӣ ва сахтафзор ва нармафзорро низ боло бурд.
Истодагӣ ва муқовимати Эрон, ки инқилоби исломӣ онро ба вуҷуд овард, боиси шаклгирии сиёсати хориҷӣ барои Эрон дар ду сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ шуд ва боис гардид ҳузури густарда дар минтақа дошта бошад ва ба унвони тарафи аслӣ дар гуфтугӯҳо бо тарафҳои минтақаӣ ва қудратҳои байналмилалӣ дар бисёре аз масоил ва парвандаҳо аз ҷумла, авзои Ироқ пас аз ишғолгарии Амрико, буҳрони Сурия, парвандаи Яман ва низои арабӣ-исроилӣ, чӣ аз тариқи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва чӣ аз тариқи кӯмак ба ҷунбишҳои муқовимати Фаластин дар сарзаминҳои ишғолӣ ба вижа ду ҷунбиши Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ, ҳузур дошта бошад. Эрон тавонист бо он гурӯҳҳо дар канори Сурия ончиро, ки «меҳвари муқовимат» хонда мешавад, ташкил диҳад. Меҳваре, ки ба лутфи истодагӣ ва табдил шудан ба ханҷаре дар пушти режими ишғолгари исроилӣ, ҳузури худро дар майдони минтақа тақвият кард, бинобар ин муқовимати мусаллаҳона ба баргае табдил шуд, ки ҳама рӯи тавоноӣ ва ҷойгоҳи он дар ҳар ҳаллу фасле ҳисоб боз мекунанд.
 Эрон пас аз инқилоби исломӣ тавонист сиёсати хориҷии мустақилеро бе ҳаргуна фишорҳое дар пеш гирад, дар ҳоле ки пеш аз инқилоб танҳо муҳрае буд, ки кишварҳои ғарбӣ ва Амрико онро ҳаракат медоданд.
Машриқнюз
Инқилоби Исломӣ дар Эрон бо раҳбарии рӯҳи Худо имом Хумайнӣ(рҳ) ва фидокориву муҷоҳидати мардону занони мӯъмину мусулмон ва ғаюри Эрон баъд аз 15 сол табъиди имом ва талошҳои шабонарӯзӣ дар 22 Баҳмани 1357 шамсӣ мутобиқи 11 Феврали 1979 м ба пирӯзӣ расид ва бар салтанати ситамшоҳии паҳлавӣ хотима дод. Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии шукуҳманди Инқилоби Исломӣ дар Эрон аст, ки бо ҳузури даҳҳо миллион дар роҳпаймоии азими 22 Баҳман таҷлил мешавад. Имом Хумайнӣ баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҳудуди 10 сол раҳбари низоми исломӣ буд ва баъд аз реҳлати ишон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ раҳбари низом ва инқилоби исломӣ шуд ва бо мудирияти беназир ва қобили таҳсини худ низоми исломиро дар сахттарин ва буҳронитарин шароит идора кард ва ҳамчунон пойбанди ормонҳои муқаддаси инқилоби исломӣ аст. Дар ин муддат кофирону мунофиқони қасамхӯрда бар зидди низоми исломӣ аз ҳеҷ хиёнату ҷиноят дареғ накарданд ва эълом карда буданд, ки коре мекунем, ки чиҳилсолагии инқилобро набинанд, вале бо тавфиқи Худо ва талоши холисонаи бандагони Худо ин хоби ошуфтаи душманони низоми исломӣ таъбир нашуд ва ҳамчунон ноком монданд.
Ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Исломӣ дар Эронро ба мардуми сарафрози Эрони исломӣ ва ҳамаи мусулмонон ва озодагону озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯем!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти